Дар Душанбе Фестивали тобистона баргузор мешавад

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи рӯзҳои 18-19 августи соли равон дар маҷмааи «Наврӯзгоҳ баргузор намудани Фестивали тобистонаи Душанбе қарор ба имзо расонид. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, қарори мазкур бо мақсади муаррифӣ намудани шаҳри Душанбе ҳамчун симои сайёҳии кишвар ва фароҳам овардани имконият ҷиҳати таъмини фароғату саёҳати сокинону меҳмонони пойтахт […]

Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи рӯзҳои 18-19 августи соли равон дар маҷмааи «Наврӯзгоҳ баргузор намудани Фестивали тобистонаи Душанбе қарор ба имзо расонид.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, қарори мазкур бо мақсади муаррифӣ намудани шаҳри Душанбе ҳамчун симои сайёҳии кишвар ва фароҳам овардани имконият ҷиҳати таъмини фароғату саёҳати сокинону меҳмонони пойтахт амалӣ мешавад.

Гуфта мешавад, дар доираи чорабиниҳои фестивал ташкили намоишгоҳу ярмаркаҳои ҳунарҳои мардумӣ, консерту намоишномаҳои театрии устодони санъати ҷумҳурӣ, вохӯрӣ бо шоирону нависандагон ва шахсони маъруфи ҷумҳурӣ дар назар аст.

Барои онҳое, ки дар макони баргузории чорабиниҳо ҳузур дошта наметавонанд, ҷараёни фестивал дар мониторҳои насбшуда дар нуқтаҳои гуногуни шаҳр намоиш дода мешавад. Фестивали тобистона анъанавӣ шуда, минбаъд ҳамасола гузаронида хоҳад шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.