Муштзани тоҷик даъвати боз як мексикоиро пазируфт

АМИТ «Ховар»

Муштзани касбии тоҷик, чемпиони ҷаҳон оид ба бокс дар намуди «WBC» («World Boxing Council») ва «WBB» дар вазни 76,2 кило Меҳрубон Сангинов даъвати муштзани касбии маъруфи мекискоӣ Хорхе Риосро ба қувваозмоӣ пазируфт.

«Пас аз ғалабаам бар Фермин Канедо Хорхе Риос маро ба муҳориба даъват намуд, ки онро сарбаландона қабул намудам ва ҳоло ба он дар Лас-Вегас барои ҳимояи шарафи Ватанам ва бори дигар бардоштани парчамамон омодагӣ мебинам. Ифтихор аз он дорам, ки тоҷикам ва барои муаррифии кишварам ба тамоми дунё уқёнусро тай намудаам», — гуфтааст Меҳрубон Сангинов ба мухбири АМИТ «Ховар».

Ба гуфтаи ӯ, муҳориба бо муштзани мексикоӣ 21 июли соли равон дар шаҳри Тихуани Мексика баргузор гардида, тариқи телевизиони мексикоӣ «Televisa» соати 7:00 ба вақти маҳаллӣ (19:00 ба вақти Душанбе) мустақиман пахш хоҳад шуд.

М. Сангинов ба суолҳо дар бораи рақиби навбатии мексикоияш, эҳсосоташ пеш аз муҳорибае, ки бори дигар дар ватани рақиб баргузор мешавад ва дар маҷмӯъ ба ҷараёни омодагиҳо ба ин муҳориба чунин посух додааст:

«Муҳориба дар намуди вазни миёнаи 75 кг баргузор мешавад. Ростӣ, дар бораи рақибам чизе маълум нест, танҳо ҳаминро медонам, ки 7 ғалаба дораду 3 бохт. Вобаста ба омодагиҳо бояд гӯям, ки чун ҳамешагӣ хуб ҷараён доранд, худро дар ҳолати хуби ҷисмонӣ эҳсос мекунам ва метавонам бо боварӣ бигӯям, ки бар Хорхе ғолиб меоям».

«Таҷриба нишон медиҳад, ки варзишгар бояд дар мадди аввал ба худ бовар дошта бошад ва имкониятҳои худро барои ғалаба сазовор арзёбӣ намояд. Ва, албатта, меҳнати шабонарӯзӣ низ самараи воқеӣ медиҳад. Доир ба омодагӣ метавонам бо итминон бигӯям, ки ҳамааш хуб ҷараён дорад. Бо ман мураббии касбӣ Ҷастин Гамбер, ки чемпионҳои зиёдеро тамрин додааст, машғул мебошад», — иброз доштааст М. Сангинов.

Ёдрас мешавад, ки Меҳрубон Сангинов 3 феврали соли 1996 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Роҳбари Федератсияи бокси Душанбе ва аъзои ҲХДТ мебошад. Дар риштаи бокси касбӣ баромад мекунад. Дар ҳайати дастаҳои миллӣ ва олимпии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ муваффақона иштирок кардааст. Меҳрубон қаблан футболбоз буд ва дар ҳайати дастаи Муассисаи давлатии Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ ва ҳатто дар ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон баромад кардааст.

«Бокси касбӣ- ин тиҷорат ва пулҳои калон аст. Барои ман, аз ҳама муҳим – баланд бардоштани парчам ва нуфузи Ватани азизам — Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ мебошад. Агар дар бораи пул фикр мекардам, он гоҳ ҳоло бонкдор ё ҳуқуқшинос ва ё ягон каси дигар будам ва ба бокс машғул намешудам. Яъне ба бокс на ба хотири пулу мол, балки ба хотири муаррифии Ватанам омадаам», — гуфт Меҳрубон Сангинов чанде пеш дар мусоҳиба бо шабакаи телевизиони «Сафина».

Ӯ ҳамчунин афзуд, ки ҳар маротиба эҳсос мекунад, ки тамоми Тоҷикистон дар паси ӯст ва маҳз бо чунин ангеза барои ғалаба ба даст овардан рӯи майдони бокс мебарояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...