Ташрифи ҳайатҳои Фаластину Арабистони Саудӣ ва Қатар ба Душанбе

Вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирати Давлати Фаластин Риёз ал-Моликӣ рӯзҳои 25-27 июл аз Тоҷикистон боздид мекунад, хабар медиҳад департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон. Бино ба маълумоти манбаъ, зимни дидору гуфтушунидҳои Риёд ал-Моликӣ дар Тоҷикистон масоили таҳкими муносибатҳои дуҷониба баррасӣ хоҳанд шуд. Имрӯз аз ташрифи ҳайати Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Малик Салмони Арабистони Саудӣ […]

Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирати Давлати Фаластин Риёз ал-Моликӣ рӯзҳои 25-27 июл аз Тоҷикистон боздид мекунад, хабар медиҳад департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Бино ба маълумоти манбаъ, зимни дидору гуфтушунидҳои Риёд ал-Моликӣ дар Тоҷикистон масоили таҳкими муносибатҳои дуҷониба баррасӣ хоҳанд шуд.

Имрӯз аз ташрифи ҳайати Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Малик Салмони Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон интизорӣ меравад.

«Дар ҷараёни сафари дурӯза масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ дар бахши корҳои башардӯстона ва дар ин росто ҳамкории дуҷониба дар масъалаҳои коҳиши хавфи офатҳои табиӣ, сохтмони мактабу бемористонҳо дар Тоҷикистон баррасӣ мешаванд», – хабар медиҳад ВКХ Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, аз 24 то 29 июл сафари ҳайати  Давлати  Қатар таҳти роҳбарии  Мудири  кулли  Кумитаи  танзими  кӯмакҳои  хайриявӣ  ҷаноби  Иброҳим  Абдуллоҳ  ал-Дуҳаймӣ  ба Тоҷикистон дар назар аст.

«Зимни гуфтушунидҳо дар ҷараёни ин сафар низ ба масоили рушди ҳамкории мутақобилан судманди иҷтимоӣ таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд», – хабар медиҳад департаменти иттилооти ВКХ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.