Тоҷикистон аз истифодаи маснӯоти пластикӣ даст кашиданист

Ифлосшавии муҳити зист аз партовҳои пластикӣ ба мушкилоти доғи рӯз табдил ёфта, аз ин рӯ, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон даст кашидан аз истифодаи бастаҳо (пакетҳо)-и пластикиро пешниҳод кардааст. Зимни нишасти хабарии рӯзи 17 июл сардори шуъбаи назорати давлатии ҳифз ва истифодаи замин ва муносбат бо партовҳои Кумита Мақсадулло Мардонов дар ин робита […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Ифлосшавии муҳити зист аз партовҳои пластикӣ ба мушкилоти доғи рӯз табдил ёфта, аз ин рӯ, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон даст кашидан аз истифодаи бастаҳо (пакетҳо)-и пластикиро пешниҳод кардааст.

Зимни нишасти хабарии рӯзи 17 июл сардори шуъбаи назорати давлатии ҳифз ва истифодаи замин ва муносбат бо партовҳои Кумита Мақсадулло Мардонов дар ин робита изҳор намуд, ки ба ҳукумат дар ин хусус пешниҳод ирсол гардида, дар мавриди марҳила ба марҳила даст кашидан аз истифодаи маснӯоти якдафъаинаи пластикӣ тадбирҳо андешида хоҳанд шуд.

«Имрӯз масъалаи партовҳои пластикӣ ба мушкили доғи рӯз табдил ёфтааст. Дар ҷумҳурӣ коргоҳҳои коркарди партовҳои пластикӣ боз мешаванд, ки ин хуб аст. Лекин мо ба ҳукумат алтернатива – истифодаи бастаҳо аз коғаз ва матоъро пешниҳод кардем», – қайд кард Мардонов.

Намояндаи Кумитаи ҳамчунин зикр кард, ки барои бастаҳо аз коғаз ва латта шароити махсус фароҳам овардан зарур набуда, онро занон метавонанд дар коргоҳҳои хурди хонагӣ истеҳсол кунанд ва ба ҳамин васила ҷойҳои нави корӣ низ муҳайё мешавад.

Бино ба маълумоти мутахассисон, пакет (бастаҳо)-и пластикӣ муддати 50-500 сол таҷзия (вайрон) шуда ба табиат зиёни ҷиддӣ мерасонанд. Пластика маҳсулоти коркарди нафт буда, ҳангоми таҷзия ё сӯзонида шудан маводи хатарнок ҷудо мекунад.

Қобили зикр аст, ки қисман ё манъи пурраи истифодаи маснӯоти пластикӣ, ки барои муҳити зист хатарнок аст, дар бисёре аз кишварҳо (Бангладеш, Кения, Молдавия, тадбирҳо дар Ӯзбекистон дар ин самт) ё шаҳрҳои алоҳида амал мекунад. Чанде аз ширкатҳои маъруфи ҷаҳон (Ikea-и Шветсия, "Айсленд"-и Британияи Кабир, McDonald’s) низ оянда ният доранд, ки аз истифодаи маснӯоти пластикӣ даст кашанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.