Вазорати энергетика гароншавии сӯзишвориро ба болоравии нархи нафт вобаста медонад

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ба таври қобили назаррас гароншавии сӯзишворӣ барои воситаҳои нақлиётро дар ҷумҳурӣ ба болоравии нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ вобаста медонад. «Сабаби асосии қиматшавии сӯзишворӣ тайи моҳи охир дар ҷумҳурӣ ба он вобаста аст, ки арзиши он дар кишварҳои содиркунанда, аз ҷумла Русия ва Қазоқистон низ боло рафт», – хабар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ба таври қобили назаррас гароншавии сӯзишворӣ барои воситаҳои нақлиётро дар ҷумҳурӣ ба болоравии нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ вобаста медонад.

«Сабаби асосии қиматшавии сӯзишворӣ тайи моҳи охир дар ҷумҳурӣ ба он вобаста аст, ки арзиши он дар кишварҳои содиркунанда, аз ҷумла Русия ва Қазоқистон низ боло рафт», – хабар дод сардори Раёсати нафту гази Вазорати энергетика Садриддин Саидзода рӯзи 16 июл зимни нишасти хабарӣ.

Ба болоравии арзиши маҳсулоти нафтӣ ба қавли Саидзода, афзоиши нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ таъсир расонид.

Ӯ қайд кард, ки айни замон арзиши як баррел нафт то 77 доллар мерасад ва ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамин давраи соли гузашта он бо нархи 40-50 доллар фурӯхта мешуд.

Қобили зикр аст, ки тӯли як моҳи охир нархи сӯзишворӣ барои автомобилҳо дар Тоҷикистон ба таври назаррас боло рафт. Аз ҷумла, арзиши бензин ва сӯзишвории дизелӣ – тақрибан ба андозаи 15% ва нархи гази моеъ, ки аз он беш аз 60%-и автомашинаҳо дар Тоҷикистон истифода мекунанд, қариб 50% афзуд.

Кишвари асосии содиркунандаи маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон Русия ба шумор меравад, ки 80% аз ҳаҷми умумӣ ба он рост меояд. Гази моеъ бошад, асосан аз Қазоқистон (то 90% аз ҳаҷми умумӣ) оварда мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика, нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон беш аз 455 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ворид шудааст, аз ҷумла ҳудуди 86 ҳазор тонна бензин, беш аз 92 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, қариб 180 ҳазор тонна гази моеъ, зиёда аз 17 ҳазор тонна сӯзишвории реактивӣ ва 80 ҳазор тонна дигар навъи маҳсулоти нафтӣ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.