Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар меҳмонхонаи «Serena Dushanbe» бо коргардон Катерина Суворова (Қазоқистон) вохӯрӣ баргузор мешавад. Оғоз соати 19:30; Нишастҳои матбуотии Вазорату идораҳо ва корхонаву ташкилотҳои кишвар оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2018: – Нишасти матбуотии  Саридораи геология соати 9 дар бинои Саридораи геология; – Нишасти матбуотии Палатаи савдо ва саноат соати 09:30 дар […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар меҳмонхонаи «Serena Dushanbe» бо коргардон Катерина Суворова (Қазоқистон) вохӯрӣ баргузор мешавад. Оғоз соати 19:30;

Нишастҳои матбуотии Вазорату идораҳо ва корхонаву ташкилотҳои кишвар оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2018:

– Нишасти матбуотии  Саридораи геология соати 9 дар бинои Саридораи геология;

– Нишасти матбуотии Палатаи савдо ва саноат соати 09:30 дар бинои Палатаи савдо ва саноат;

– Нишасти матбуотии  Хадамоти зиддиинҳисорӣ соати 11 дар бинои Хадамоти зиддиинҳисорӣ;

– Нишасти матбуотии Вазорати адлия соати 14 дар толори ММҶ «Ховар»;

– Нишасти матбуотии  Вазорати нақлиёт (якҷоя бо КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон») соати 14 дар бинои Вазорати мазкур.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.4196 сомонӣ;

1 евро – 11.0153 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1507 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1921 – Дар Фаронса бори нахуст дорувории зидди бемории сил (BCG) истеҳсол шуд.

1968 – Таъсиси ширкати Intel.

2008 — Дар водии Бартанги ВМКБ нерӯгоҳи навбатии хурди барқӣ ба истифода дода шуд.

2008 — Ифтитоҳи бинои нави сафоратхонаи Олмон дар Душанбе.

2017 — Эмомалӣ Раҳмон қонунеро ба имзо расонид, ки мутобиқи он аъзои ҳукумат ва хешовандони наздики онҳо ба тайёр кардани эъломияи даромади худ уҳдадор шуданд.

1897-1973 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон Вениамин Иоффе.

1920-1968 – Мавлуди артисти театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Алиназар Хоҷаев.

1947 – Зодрӯзи нависанда Ғайрат Ҳаким.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +36+41; дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +26+31.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +22+27, рӯзона +39+44; дар доманакӯҳҳо шабона +18+23, рӯзона +33+38.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +13+18, рӯзона +32+37; дар шарқ шабона +4+9, рӯзона +21+26.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +37+42; дар доманакӯҳҳо шабона +13+18, рӯзона +32+37.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +40+42.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +23+25, рӯзона +39+41.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +22+24, рӯзона +40+42.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +32+34.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.