Нашри китоби Эмомалӣ Раҳмон доир ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон

«Дар бораи масъалаҳои мубрам ва ибтикороти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», – чунин ном дорад китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар  матбааи «Констраст»-и пойтахт ба нашр расид. Тартибдиҳанда ва муаллифи пешгуфтори китоб сармушовири Дастгоҳи ёвари президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода мебошад. Нашрия дар ҳаҷми 366 саҳифа бо забони тоҷикӣ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

«Дар бораи масъалаҳои мубрам ва ибтикороти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», – чунин ном дорад китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар  матбааи «Констраст»-и пойтахт ба нашр расид.

Тартибдиҳанда ва муаллифи пешгуфтори китоб сармушовири Дастгоҳи ёвари президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода мебошад.

Нашрия дар ҳаҷми 366 саҳифа бо забони тоҷикӣ маҷмӯаест аз паёмҳои сарвари давлат ба парлумон, суханрониҳо, мусоҳиба ва изҳорот барои матбуоти Эмомалӣ Раҳмон, хабар дод як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Китоб ду фасл ва замимаро дар бар мегирад. Фасли аввал ба масъалаҳои муҳим ва самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон тӯли ду даҳсолаи охир бахшида шудааст. Маводи фасли дуюм ташаббусҳои Сарвари давлатро дар арсаи байнулмилалӣ оид ба масоили мушкилоти об ва тағйирёбии сартосарии иқлим, роҳу воситаҳои ҳалли буҳрони Афғонистон, мубориза бо терроризми байнулмилалӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир инъикос менамояд.

Китоб барои истифодаи доираи васеи хонандагон, аз ҷумла олимону дипломатҳо, хизматчиёни давлатӣ, омӯзгорон ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудаааст.

Шакли электронии китоб дар сомонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон гузошта мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.