Ҳаҷми фарқи воридоту содироти Тоҷикистон – 1 млрд. доллар

Нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон беш аз 2 млрд. долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20% ё худ 353 млн. доллар зиёдтар аст. Давоми моҳҳои январ-июни соли 2018 ҳаҷми содирот аз ҷумҳурӣ 528,3 млн. долларро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-июни соли гузашта 15,3% ё худ […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон беш аз 2 млрд. долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20% ё худ 353 млн. доллар зиёдтар аст.

Давоми моҳҳои январ-июни соли 2018 ҳаҷми содирот аз ҷумҳурӣ 528,3 млн. долларро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-июни соли гузашта 15,3% ё худ 70,2 млн. доллар бештар аст.

Тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ воридот ба маблағи беш аз 1,5 млрд. доллар сурат гирифтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 – 22,7% ё худ 283,1 млн. доллар зиёдтар мебошад, хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон.

Ҳамин тариқ, тавозуни савдо манфӣ ташаккул ёфта, ҳаҷми воридот нисбат ба содирот беш аз 1 млрд. доллар зиёдтар мебошад.

Нишондиҳандаи рӯйпӯш кардани маблағи ҳаҷми воридот бо содирот – 35%-ро ташкил додааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда ба 36% баробар буд, яъне таносуби содирот ба воридот 1% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон асосан ашёи хом содирот намуда, маҳсулоти коркардшуда – қариб ҳамаи маҳсулоти зарурии тайёрро аз хориҷи кишвар ворид мекунад.

Шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ Русия буда, тайи 6 моҳ ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Русия наздики 470 млн. долларро ташкил додааст.

Дар ин давра Тоҷикистон бо Қазоқистон – ба маблағи 416 млн., Чин – 316 млн. ва Ӯзбекистон – ба 128 млн. доллар муомилоти молӣ анҷом додааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.