Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС Нишастҳои матбуотии Вазорату идораҳо ва корхонаву ташкилотҳои кишвар оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2018: – Нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илм (ҳамроҳ бо МД «Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо») соати 9 дар толори ММҶ «Ховар»; – Нишасти матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовар соати 9:30 дар бинои Агентии назорати маводи […]

Asia-Plus

АНОНС

Нишастҳои матбуотии Вазорату идораҳо ва корхонаву ташкилотҳои кишвар оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2018:

– Нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илм (ҳамроҳ бо МД «Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо») соати 9 дар толори ММҶ «Ховар»;

– Нишасти матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовар соати 9:30 дар бинои Агентии назорати маводи нашъаовар;

– Нишасти матбуотии КВД «Тоҷиксуғурта» соати 10 дар бинои КВД «Тоҷиксуғурта»;

– Нишасти матбуотии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ соати 11 дар бинои кумитаи мазкур;

– Нишасти матбуотии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соати 9 дар бинои Донишгоҳи мазкур.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.4200 сомонӣ;

1 евро – 10.9281 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1483 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи байнулмилалии шоҳмот.

1924 – Таъсиси Федератсияи байнулмилалии шоҳмот – FIDE.

1944 — Суиқасди ноком ба ҷони Адолф Гитлер.

1976 – Дар сатҳи болоии Марс нахустин таҳқиқот гузаронида шуд.

2013 — Дар ноҳияи Шаҳринав корхонаи нави коркарди нафт ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр ба истифода дода шуд.

1928-2010 – Зодрӯзи олими адабиётшинос Алиқул Девонақулов.

1936 – Мавлуди овозхон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Хуршед Алидодов.

1937 – Зодрӯзи луғатшинос Аҳмадҷон Сангинов.

1941 – Мавлуди овозхон Саломат Қобилова.

1941 – Зодрӯзи Ҳамид Отахонов, сарпарасти нахустини тоҷик, раиси фахрии Раёсати Иттиҳоди иҷтимоӣ-экологии Тоҷикистон.

1947 – Мавлуди овозхон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Рустамбек Ботуров.

1951– Зодрӯзи Корманди шоистаи Тоҷикистон Ҷумъахон Футуров.

1954 – Мавлуди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Баҳодур Неъматов.

1956-2013 – Зодрӯзи муҳаққиқи журналистикаи тоҷик Пайванди Гулмурод.

1959 – Мавлуди овозхон Дилбар Сулаймонова

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +21+26, рӯзона +38+43; дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +24+29.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +22+27, рӯзона +39+44; дар доманакӯҳҳо шабона +18+23, рӯзона +33+38.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +14+19, рӯзона +31+36; дар шарқ шабона +7+12, рӯзона +19+24.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +37+42; дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +30+35.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +40+42.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +24+26, рӯзона +39+41.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +22+24, рӯзона +41+43.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +32+34.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио