Тариқи Интерпол Тоҷикистон 2,5 ҳазор нафарро меҷӯяд

Asia-Plus

Дар доираи ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳо – иштирокчиёни аъзои ИДМ дар шаҳри Боку вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Котиби генералии «Интерпол» Юрген Шток вохӯрӣ доир намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти ҷустуҷӯи шахсоне, ки дар кофтукови байналмилалӣ қарор доранд, мавриди баррасӣ қарор гирифта, қайд шуд, ки ба роҳ мондани системаи бонизоми мубодилаи иттилоот барои дастгир намудани шахсоне, ки дар кофтукови байналмилалӣ қарор доранд, мусоидат менамояд.

Зимнан зикр мегардад, ки Бюрои Миллии Марказии «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз фаъолтарин Бюро ба шумор рафта, дар мубориза бо ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ саҳми назаррас мегузорад.

Тибқи маълумоти ВКД Тоҷикистон, дар моҳи ноябри соли 2017 тариқи Интерпол 2 ҳазору 528 нафар шаҳрвнадони Тоҷикистон мавриди ҷустуҷӯ қарор доштанд. Онҳо ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили куштору ғоратгарӣ, қаллобӣ, терроризму ифротгароӣ ва ғайра гумонбар дониста мешаванд.

Вазорати умури дохилӣ қайд мекунад, ки аз ин шумор беш аз 1 ҳазору 870 нафар ба узвият дар созмонҳои террористиву ифротгароӣ гумонбар дониста шуда, 35 тан аз онҳо аъзои фаъоли Ҳизби наҳзати исломӣ мебошанд.

Тавре ВКД хабар медиҳад, рӯзи 20 июли соли 2018 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳо – иштирокчиёни аъзои ИДМ баргузор гардид.

Гуфта мешавад, миёни Вазирони корҳои дохилии ИДМ оид ба ҳолати мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои мубрами фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, баррасии рафти иҷрои қарорҳои қаблан қабулшуда оид ба мубориза бо терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар чорабиниҳои муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Зимнан қайд мешавад, ки Шӯрои Вазирони корҳои дохилии ИДМ бо мақсади ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бо Қарори Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои ИДМ 19 январи соли 1996 таъсис ёфта, дар давоми мавҷудияти худ фаъолона ва манфиатнок амал карда, айни замон фаъолияти худро бомуваффақона давом дода истодааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...