Майдони асосии пойтахт барои таъмири роҳ баста шуд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Майдони асосии Душанбе – «Дӯстӣ аз имрӯз бо сабаби таъмири роҳ баста аст.

Роҳи асфалтпӯши майдон дар доираи корҳои таъмиру навсозии роҳ аз Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе таваасути тамоми маркази шаҳр то Донишгоҳи аграрӣ аз таъмири асосӣ бароварда мешавад, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт.

Роҳ аз гузаргоҳ ба меҳмонхонаи «Тоҷикистон» то Хонаи матбуот (Дом печати) баста шудааст. Корҳои таъмир муддати якчанд рӯз дар назар аст. Баъди анҷоми он роҳсозон ба корҳои таъмири асосии шоҳроҳ аз Хонаи матбуот то меҳмонхонаи «Душанбе» шурӯъ мекунанд.

Аз 27 июн ҳаракати нақлиёт дар хиёбони марказии пойтахт – Рӯдакӣ қисман қатъ шуда буд. Роҳсозон имрӯз корҳои таъмири асосии хиёбонро аз Донишгоҳи аграрӣ то майдони Дӯстӣ ба итмом расониданд.

Дар давраи корҳои таъмир ҳаракати тролеейбус тариқи ин хиёбон пурра манъ шуда, ба дигар навъҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ҳаракат тавассути роҳҳои ҳамшафат тавсия шуда буд.

Қаблан зикр гардида буд, ки роҳ аз Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе тариқи тамоми маркази пойтахт то Донишгоҳи аграрӣ давра ба давра барои таъмир баста мешавад.

Ғайр аз ин, мақомоти шаҳрдорӣ ба таъмиру навсозии намо (фасад)-и чанде аз биноҳо дар маркази шаҳр, ки ҳанӯз замони шӯравӣ бунёд шудаанд, шурӯъ намудааст.

Мақомоти шаҳрдорӣ бо ҳамин васила маркази пойтахтро барои баргузории нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки охири моҳи сентябр дар пойтахти Тоҷикистон доир мегардад, омода мекунад.

Ғайр аз ин, нимаи дуюми соли равон дар Душанбе нишасти сарвазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) низ баргузор мешавад.

Дар мақомоти шаҳрдории Душанбе итминон доданд, ки корҳои таъмири асосии роҳ каме пештар аз 9 сентябр, ҷашни Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон ба охир мерасанд.

Масофаи роҳи шашхата аз фурудгоҳ то Донишгоҳи аграрӣ каме бештар аз 8 километр аст.

Маблағи таъмири асосии 1 километри роҳ ба ҳисоби миёна 1 млн. 300 ҳазор доллар (11 млн. 472,5 ҳазор сомонӣ) ва мутаносибан маблағи таъмири асосии ин роҳ  10 млн. 400 ҳазор доллар (91 млн. 780 ҳазор сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...