Дастури Рустами Эмомалӣ ба ҷалби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пардохти қарзҳо аз барқ

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба хадамоти дахлдори пойтахт дастур дод, ки барои пардохти қарзҳо аз истифодаи нерӯи барқ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷалб карда шаванд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ доданд, дар машварати рӯзи 24 июл ба раиси пойтахт иттилоъ дода шуд, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ қарзи аҳолӣ ва […]

Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба хадамоти дахлдори пойтахт дастур дод, ки барои пардохти қарзҳо аз истифодаи нерӯи барқ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷалб карда шаванд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ доданд, дар машварати рӯзи 24 июл ба раиси пойтахт иттилоъ дода шуд, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ қарзи аҳолӣ ва корхонаву ташкилотҳои шаҳр аз истифодаи нерӯи барқ ба 21 млн. сомонӣ расидааст.

Ҳамчунин ба раиси шаҳр иттилоъ доданд, ки дар 6 моҳи сипаригардида истеҳсоли энергияи барқ 587 миллион киловат-соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29 фоиз зиёд буда, маблағи умумии энергияи барқи истифодашуда 287 миллион сомониро ташкил медиҳад ва ҷамъоварии он ба 266 миллион сомонӣ баробар гардидааст.

Гуфта мешавад, дар ин робита дар самти коҳиш додани қарзи истифодаи энергияи барқ, раиси шаҳр дастур дод, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чораҳо андешида шаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.