Эҳтимоли аз иҷозатномаи фаъолият маҳрум шудани «Агроинвестбонк»

Бонки миллии Тоҷикистон ояндаи назлик ният дорад, ки нисбати ҶСК «Агроинвестбонк» чораҳои қатъӣ андешад. Ин бонки тиҷоратии дорои мушкилот метавонад ҳатто аз иҷозатномаи фаъолият маҳрум шавад. «Агроинвестбонк» дар масъалаи баргардонидани воситаҳои давлатӣ аз иҷрои уҳдадориҳояш намебарояд, – изҳор дошт зимни нишасти хабарӣ раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода. – Аввали соли гузашта барои дастгирии вазъи молиявии ин […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон ояндаи назлик ният дорад, ки нисбати ҶСК «Агроинвестбонк» чораҳои қатъӣ андешад. Ин бонки тиҷоратии дорои мушкилот метавонад ҳатто аз иҷозатномаи фаъолият маҳрум шавад.

«Агроинвестбонк» дар масъалаи баргардонидани воситаҳои давлатӣ аз иҷрои уҳдадориҳояш намебарояд, – изҳор дошт зимни нишасти хабарӣ раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода. – Аввали соли гузашта барои дастгирии вазъи молиявии ин бонк ҳукумат 1 млрд. 70 млн. сомонӣ маблағ ҷудо кард. Дастгирии давлатӣ ба муҳлати 5 сол бо 2%-солона пешниҳод шуд. Бонк то охири соли гузашта мебоист ба Вазорати молия 5%, соли равон – 20% ва солҳои минбаъда 25%-ии ин воситаҳоро бармегардонид».

Аммо, қайд кард Нурмаҳмадзода, уҳдадориҳои «Агроинвестбонк» ҳам соли гузашта ва ҳам имсол иҷронашуда боқӣ мемонанд.

Ғайр аз ин, ба гуфтаи ӯ, «Агроинвестбонк» уҳдадории ҷалби сармоягузории иловагиро низ иҷро карда наметавонад ки яке аз шартҳои асосии гирифтани дастгирии давлатӣ шуморида мешуд.

«Агар ин бонк аз иҷрои уҳдадориҳои ба зимма гирифтааш набарояд, тадбирҳои мушаххасе, ки дар боло зикр кардам андешида хоҳанд шуд», – афзуд Нурмаҳмадзода.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.