Захираҳои тиллову асъори БМТ ба беш аз 1,2 млрд. доллар расид

Ҳаҷми захираҳои байнулмилалии тиллову асъори Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) то ба сатҳи 5 моҳи рӯйпӯш кардани воридот расонида шуд. Ҳаҷми миёнаи воридоти моҳонаи кишвар дар соли равон 250 млн. долларро ташкил медиҳад. «Ҳаҷми захираҳои байнулмилалии тиллову асъори кишвар аз сатҳи 3-моҳаи рӯйпӯш кардани воридот дар соли гузашта то ба зиёда аз 5 моҳи рӯйпӯш кардани […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми захираҳои байнулмилалии тиллову асъори Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) то ба сатҳи 5 моҳи рӯйпӯш кардани воридот расонида шуд. Ҳаҷми миёнаи воридоти моҳонаи кишвар дар соли равон 250 млн. долларро ташкил медиҳад.

«Ҳаҷми захираҳои байнулмилалии тиллову асъори кишвар аз сатҳи 3-моҳаи рӯйпӯш кардани воридот дар соли гузашта то ба зиёда аз 5 моҳи рӯйпӯш кардани воридот дар соли равон зиёд шуданд», – хабар дод зимни нишасти хабарии рӯзи 25 июл дар Душанбе раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

Ӯ қайд кард, ки мувофиқи меъёрҳои байнулмиллӣ ва тибқи арзёбии коршиносони соҳа, сатҳи ҳадди ақали имконпазир (раво)-и захираҳои байнулмилалии кишвар бояд ба 3 моҳ баробар бошад.

Тайи чанд соли охир раҳбарияти Бонки миллӣ ҳаҷми захиарҳои тиллову асъорро пинҳон нигоҳ медорад.

Ҳаҷми миёнаи воридоти Тоҷикистон нимсолаи аввали соли ҷорӣ беш аз 250 млн. долларро ташкил дода, ҳамин давраи соли гузашта ба наздики 215 млн. доллар баробар буд.

Ҳамин тариқ, метавон тахмин кард, ки айни замон ҳаҷми захираҳои тилову асъори Бонки миллии Тоҷикистон тақрибан 1 млрд. 250 млн. долларро ташкил медиҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.