Ҳар чорум нафар донишҷӯи Донишкадаи исломӣ духтар аст

Аз 1050 нафар донишҷӯёни Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам- Абӯҳанифа Нуъмон ибн Собит 250 нафарашон духтарон мебошанд. Дар ду факултаи донишкада (филологияи шарқ ва илми фиқҳ) аз 162 нафар омӯзгорон 36 нафарашонро занон ташкил медиҳанд», – хабар доданд аз Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон. […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Аз 1050 нафар донишҷӯёни Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам- Абӯҳанифа Нуъмон ибн Собит 250 нафарашон духтарон мебошанд.

Дар ду факултаи донишкада (филологияи шарқ ва илми фиқҳ) аз 162 нафар омӯзгорон 36 нафарашонро занон ташкил медиҳанд», – хабар доданд аз Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, дар Донишкада тарзу усули ба бар кардани либоси миллӣ барои донишҷӯдухтарон амал мекунад, ки ба талаботи ҳуқуқи исломӣ ва сарулибоси миллӣ ҷавобгӯ аст.

Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон мутахассисони забони арабӣ ва англисӣ, таърих, дин ва фиқҳ, омӯзиши Қуръон, осори хаттӣ ва информатика тайёр карда мешаванд.

Дипломи Донишкада ба хатмкунандагони он барои кор ҳам дар сохтори давлатӣ ва ҳам дар муассисаҳои динӣ ҳуқуқ медиҳад.

Донишкадаи исломӣ бо ҳамаи мактабҳои олии Тоҷикистон ҳамкорӣ дошта, дар ҳамин ҳол, бо муассисаҳои ба худ монанди кишварҳои хориҷӣ робита надорад.

Қобили зикр аст, ки Донишкадаи исломии Тоҷикистон ягона муассисаи олии таълимиест, ки дар он метавон маълумоти динӣ гирифт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.