Маҳви се қочоқбар дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Дар ҷараёни амалиёти махсус дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон 3 нафар қочоқбарони афғон кушта, 6 тан аз ҳаммаслакони тоҷикони онҳо боздошт ва беш аз 100 кило маводи нашъаовару милтиқ бо тирҳояш мусодира шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, аз 12-ум то 22-уми июли соли ҷорӣ хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ […]

Asia-Plus

Дар ҷараёни амалиёти махсус дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон 3 нафар қочоқбарони афғон кушта, 6 тан аз ҳаммаслакони тоҷикони онҳо боздошт ва беш аз 100 кило маводи нашъаовару милтиқ бо тирҳояш мусодира шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, аз 12-ум то 22-уми июли соли ҷорӣ хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ корҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ ва амалиётҳои махсусро дар минтақаҳои муҳофизатии Отряди сарҳадии “Ҳамадонӣ” гузарониданд.

«Дар натиҷа убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ ва кӯшиши интиқоли маводи мухаддир аз ҷониби қочоқчиёни афғон ба Тоҷикистон пешгирӣ карда, се задухурди мусаллаҳона ба қайд гирифта шуд», – баён мешавад дар маълумот.

Ба иттилои манбаъ, зимни гузаронидани чорабиниҳои мазкур, аз ҷониби қочоқбарони афғон дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ бо сарҳадбонон рӯ ба рӯ шуда, байни онҳо задухӯрдҳои мусаллаҳона ба вуқӯъ омад, ки дар натиҷаи задухурдҳои мусаллаҳона 3 нафар қочоқбарони афғон безарар гардонида шуда, 6 нафар ҳаммаслақони қочоқчиён, шаҳрвандони ҶТ дастгир гардиданд.

«Боқимонда қочоқбарони афғон ба муқовиматҳои шадиди хизматчиёни ҳарбӣ тоб наоварда, аз торикии шаб истифода ва ақибнишинӣ намуда, ба тарафи Афғнистон фирор намуданд», – қайд мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад ҳангоми азназаргузаронӣ аз ҷои ҳодиса як адад яроқи оташфишони  “Винчестер” бо тирҳояш, маводи нашъадори навъи афъюн – 93 кг 800 гр ва маводи сахтаъсири героин – 15 кг дарёфт ва мусодира карда шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз ҷониби мақомотҳои дахлдор парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.