Ҷасади Ҳувайдои хурдсол ба Душанбе оварда шуд

Ҷасади Ҳувайдлло Тиллозода, ки рӯзи 22 июл дар шаҳри Серпухови вилояти Маскав кушта шуд, субҳи имрӯз бо хатсайри ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» аз Маскав ба Душанбе оварда шуд. Ӯ дар ноҳияи Шамсиддини Шҳин ба хок супурда мешавад. Дар ҳамин ҳол, вобаста ба куштори ваҳшиёнаи Ҳувайдо Тиллозода вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба роҳбарияти […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Ҷасади Ҳувайдлло Тиллозода, ки рӯзи 22 июл дар шаҳри Серпухови вилояти Маскав кушта шуд, субҳи имрӯз бо хатсайри ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» аз Маскав ба Душанбе оварда шуд. Ӯ дар ноҳияи Шамсиддини Шҳин ба хок супурда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, вобаста ба куштори ваҳшиёнаи Ҳувайдо Тиллозода вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Россия ҷиҳати таҳти назорати қатъӣ гирифтани рафти тафтиши парвандаи ҷиноятӣ, сари вақт ошкор кардани ҷиноят ва ба ҷавобгарӣ кашидани ҷинояткор барқия ирсол намуд.

Дар маълумоти ВКД Тоҷикистон дар ин робита қайд мешавад, ки рӯзи 23 июл аз ҷониби Сарраёсати Кумитаи тафтишотӣ оид ба вилояти Москва аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 105 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия оғоз гардидааст.

Гуфта мешавад, дар ин самт чорабиниҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ВКД Федератсияи Россия идома доранд.

Қобили зикр аст, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ дар робита ба куштори духтарчаи хурдсоли тоҷик дар Серпухово ба Вазорати корҳои хориҷии Русия ёддошт ирсол намуд. Дар ёддошт аз мақомоти дахлдори Русия даъват шуд, ки ҳодисаи мазкур дақиқкорона ва мӯшикофона мавриди тафтиш қарор дода шуда, ба  ҷинояткоре, ки чунин кирдори ғайриинсониро раво дидааст, ҷазои сангин дода шавад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 23 июл дар наздикии роҳи оҳани қаламрави шаҳри Серпуховои вилояти Маскав ҷасади духтари 5-солаи як оилаи шаҳрвандони Тоҷикистон дарёфт шуд, ки чанде қабл бедарак шуда буд.

Дар Раёсати Кумитаи тафтишоти вилояти Маскав хабар додаанд, ки ба гумони даст доштан дар куштор ва ҳамчунин таҷовуз ба номуси духтарча сокини 28-солаи маҳаллӣ Александр Сёмин боздошт гардид. Тибқи маълумоти нашрия, гумонбаршуда дар ҳамсоягии оилаи кӯдак зиндагӣ дошта, аз хонаи ӯ пайҳои пойафзоли духтар ва изи ангуштони ӯ дарёфт шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.