Ба коми оташ рафтани як мағозаи хӯрокворӣ дар Қарияи Боло

Дар бозори начандон бузург дар паҳлӯи универсами «Москва» – дар рӯ ба рӯи дармонгоҳи миллии «Шифобахш» (мавзеи Қарияи Боло) имрӯз сӯхтор зад. «Тибқи маълумоти пешакӣ, оташ майдони 60 метри мураббаъро фаро гирифта, сӯхтор дар мағозаи хӯроквории «Баҳодур» ба амал омадааст», – хабар доданд аз Хадамоти оташнишонии ВКД Тоҷикистон. Бино ба иттилои манбаъ, айни замон сӯхтор […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Дар бозори начандон бузург дар паҳлӯи универсами «Москва» – дар рӯ ба рӯи дармонгоҳи миллии «Шифобахш» (мавзеи Қарияи Боло) имрӯз сӯхтор зад.

«Тибқи маълумоти пешакӣ, оташ майдони 60 метри мураббаъро фаро гирифта, сӯхтор дар мағозаи хӯроквории «Баҳодур» ба амал омадааст», – хабар доданд аз Хадамоти оташнишонии ВКД Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, айни замон сӯхтор хомӯш шуда, ба ҷойи ҳодиса ду дастаи оташинишонон фиристода шуда буданд.

«Ҳеҷ касе осеб надида, сабаҳои сар задани сӯхтор алҳол муайян карда нашудааст», – қайд кард манбаъ.

Бино ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, бар асари сӯхтор мағоза комилан ба коми оташ рафтааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.