Нафақаи баландтарин дар Тоҷикистон наздики 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад

Акмал Маннонов, Asia-Plus

Нафақаи ҳадди ақали иҷтимоӣ, ки категорияҳои муайяни шахсон (маъбон аз кӯдакӣ) дар Тоҷикистон мегиранд, 93,6 сомонӣ (наздики 10 доллар)-ро ташкил медиҳад. Нафақаи баландтарин ба наздики 6 ҳазор сомонӣ мерасад.

Муовини аввали директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Назокат Одиназода зимни нишасти хабарии ҷамъбасти нимсола изҳор намуд, ки айни замон дар Тоҷикистон масъалаи боло бурдани синнусоли ба нафақа баромадан мавриди баррасӣ қарор надошта, синни нафақа барои занон – 58 сол ва мардон – 63 сол боқӣ мемонад.

Бино ба гуфтаи ӯ, нимсолаи аввали соли 2018 ҳаҷми миёнаи нафақа дар вилояти Суғд – 256,8 сомонӣ, Хатлон – 257,4, ВМКБ – 332,6, ноҳияҳои тобеи марказ – 254,7, шаҳри Душанбе – 368,4 ва дар саросари кишвар дар маҷмӯъ – 301 сомонӣ (ҳудуди 32 доллар)-ро ташкил додааст.

“Шумори умумии нафақахӯрон дар Тоҷикистон 679 ҳазору 87 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 232 ҳазору 72 нафар ё худ 3,5% бештар аст, – қайд кард ӯ. – Ба ҳар як нафақахӯр дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 2 коргар рост меояд”.

Зимнан зикр гардид, ки нимсолаи аввали соли 2018 ба буҷети Агентӣ 1 млрд. 245,8 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 81,7 млн. сомонӣ зиёдтар мебошад.

Ҳамчунин қайд шуд, ки тӯли 6 моҳи аввали соли ҷорӣ ба 19,5 ҳазор нафар ба маблағи умумии 21,4 млн. сомонӣ кумакпулии корношоямии муваққатӣ пардохт шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...