Ҳукумат 70 млн. сомонӣ қарзҳои Агентии обёриро бахшид. Лекин ин кам аст

Date:

Ҳукумати Тоҷикистон алҳол ният надорад, ки тарифҳои обёрии заминҳоро боло барад. Ҳарчанд болоравии нархи нерӯи барқ дар назар бошад ҳам.

Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумати Тоҷикистон Холмурод Раҳмон зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки бо сабаби аз ҷониби Агентӣ ба кишоварзон пешниҳод шудани хизматгузории аз арзиши аслиаш пасттар имсол сабзавоту мева арзон шуд, зеро ҳукумат барои рӯйпӯш кардани қарзҳо ба Агентӣ 26 млн. сомонӣ маблағ ҷудо кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Холмурод Раҳмон

Нимаи аввали соли 2018, ба гуфтаи ӯ, тариқи пойгоҳҳои обкашӣ барои обёрии заминҳо ба деҳқонон ба маблағи умумии 34 млн. сомонӣ об дода шуда, пардохти маблаги воқеӣ бошад, наздики 26 млн. сомониро ташкил дод.

«Баъди барҳам додани Агентии мелиоратсия ва захираҳои об, ҳукумат қарзҳои онро дар ҳаҷми 242,8 млн. сомонӣ барои истифодаи барқ аз эътибор соқит кард. Имсол ҳукумат ба маблағи 71 млн. сомонӣ қарзҳои нави Агентиро ҳам бекор кард», – гуфт директори Агентӣ.

Сардори шуъбаи пойгоҳҳои обкашии Агентӣ Рустам Баротов қайд кард, ки тарифҳо барои истифодаи об аз соли 2005 тағйир наёфтаанд. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, давоми ин 12 сол тарифҳои истифодаи барқ 5,1 баробар ё худ 510% афзуд.

«Имрӯз дар ҷумҳурӣ 388 пойгоҳи обкашӣ ва 1 ҳазору 492 агрегат мавҷуд буда, бар асари норасоии қисмҳои эҳтиётӣ 56 пойгоҳ кор намекунад, – зикр кард Баротов. – Наздики 80%-и таҷҳизоти пойгоҳҳо ҳанӯз солҳои 50-70-уми асри гузашта насб шудаанд. Барои аз сифр барқарор намудани кори ҳамаи пойгоҳҳои обкашии Тоҷикистон на камтар аз 750 млн. доллар маблағ зарур аст».

Зимнан зикр гардид, ки қарзи истифодабарандгони об аз Агентӣ ба беш аз 112 млн. сомонӣ расида, дар навбати худ қарзи Агентӣ назди ширкати «Барқи тоҷик» 104 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...