Сарфаи ҳудуди 87,5 млн. сомонӣ дар маросими азодорӣ тӯли қариб як сол

Ҳанӯз соли гузашта ба маросими таъзияву азодорӣ, аз ҷумла «рӯзи сеюм», «чил» ва «сол» тоҷикистониён ба ҳисоби миёна беш аз 3,2 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадоме аз маросим харҷ мекарданд. Пас аз қабули тағйироту илова ба қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» моҳи августи соли гузашта, барои баргузории ҳамаи маросимҳои таъзияву азодорӣ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳанӯз соли гузашта ба маросими таъзияву азодорӣ, аз ҷумла «рӯзи сеюм», «чил» ва «сол» тоҷикистониён ба ҳисоби миёна беш аз 3,2 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадоме аз маросим харҷ мекарданд.

Пас аз қабули тағйироту илова ба қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» моҳи августи соли гузашта, барои баргузории ҳамаи маросимҳои таъзияву азодорӣ шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 1 ҳазор сомонӣ маблағ масраф мекунанд, хабар дод ба «Азия-Плюс» сухангӯи Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои милии ҷумҳурӣ Афшин Муқим.

«Тибқи ҳисобу китоби начандон фарогир, аз моҳи августи соли гузашта то моҳи июли соли ҷорӣ тоҷикистониён дар баргузории маросимҳои таъзия ва азодорӣ наздики 87,5 млн. сомонӣ сарфа карданд», – изҳор дошт сухангӯи Кумита.

Хотиррасон шуд, ки мувофиқи тағйироту иловаҳои қабулшуда, дар Тоҷикистон ҳамчунин ба баргузории маросим ва ҷашнҳои гуногуни оилавӣ низ маҳдудият ҷорӣ шуд. Масалан, тӯйи хатнасур акнун танҳо дар доираи оила ва бидуни даъвати ҳунармандон гузаронида мешавад.

Ба баргузор намудани расму оинҳои гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирон ва дигар маросимҳои марбут ба таваллуди тифл, дар доираи оила бидуни забҳи чорво ва хизматгузории аҳли санъат иҷоза дода мешавад.

Баргузор кардани маросимҳои ақиқа, ноншиканон, модарталбон, падарталбон, чодарканон, муборакбодӣ ва роҳбандон манъ шуд.

«Мувофиқи ҳисобу китоби ҳадди ақал, ин тағйироту иловаҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон имкон доданд, ки тӯли як соли нопурра 194,5 млн. сомониро сарфа созанд», – илова кард Афшин Муқим.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.