Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба футбол байни наврасони синни то 15-сола, ки дар шаҳри Тошканд ҷараён дорад, мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Туркманистон бозӣ мекунад.

Нишастҳои матбуотии Вазорату идораҳо ва корхонаву ташкилотҳои кишвар оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2018:

– Нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ соати 9 дар толори ММҶ «Ховар» гузаронида мешавад.

– Роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радио соати 9 бо намояндагони ВАО дар маҷлисгоҳи бинои Кумитаи телевизион ва радио мулоқот мекунад.

– Нишасти матбуотии МД «Телевизиони Сафина» соати 11 дар толори ММҶ «Ховар» гузаронида мешавад.

– Роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ соати 11 дар бинои Суди Олии иқтисодӣ нишасти матбуотӣ баргузор мекунад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.4200 сомонӣ;

1 евро – 11.0299 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1495 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1993 — Дар Русия пулҳои истеҳсоли шӯравӣ (барориши солҳои 1961-1992) аз муомилот бароварда шуда, дар қаламрави ин кишвар рубли нави русӣ ҷорӣ гардид.

2002 – Бо фармони президенти ҶТ низоми иҷрои ҷазои ҶТ аз ВКД ба тобеъияти Вазорати адлия гузаронида шуд.

2003 – Суди олии ҶТ иштирокчиёни куштори журналистон В.Никулин ва М.Олимпурро ба 22 ва 15 соли зиндон маҳкум кард.

2007 — Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2008 Соли забони тоҷикӣ эълон шуд.

2010 — Воситаҳои озоди нерӯгоҳи барқии «Роғун» ба бонкҳо гузошта шуданд.

1955 – Зодрӯзи актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Юнусалӣ Эргашев.

1958 – Мавлуди журналист Бӯрибек Бӯрибеков.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +29+34; дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +23+28.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +22+27, рӯзона +34+39; дар доманакӯҳҳо шабона +18+23, рӯзона +29+34.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +13+18, рӯзона +28+33; дар шарқ шабона +5+10, рӯзона +18+23.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +33+38; дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +28+33.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +35+37.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +31+33.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +23+25, рӯзона +35+37.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +30+32.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...