Аз рӯи далели марги сокини Ваҳдат Прокуратураи генералӣ тафтишоти чорумро оғоз мекунад

Адвокатҳои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон муваффақ шуданд, ки тафтиши парвандаи ҷиноятӣ аз рўи далели марги сокини 23-солаи шаҳри Ваҳдат Умар Бобоҷонов бори чорум аз сар гирифта шавад. Бино ба иттилои сомонаи расмии Эътилоф, Прокуратураи генералии Тоҷикистон падарро танҳо баъди се соли даргузашти писараш ҷабрдида эътироф кард. Адвокатҳо натиҷаҳои тафтишотро оид […]

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Адвокатҳои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон муваффақ шуданд, ки тафтиши парвандаи ҷиноятӣ аз рўи далели марги сокини 23-солаи шаҳри Ваҳдат Умар Бобоҷонов бори чорум аз сар гирифта шавад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Эътилоф, Прокуратураи генералии Тоҷикистон падарро танҳо баъди се соли даргузашти писараш ҷабрдида эътироф кард.

Адвокатҳо натиҷаҳои тафтишотро оид ба боз доштани парванда бо сабаби муайн нагардидани шахсоне, ки бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда мешуданд, зери шубҳа гузошта буданд. Айни замон тафтиши парвандаи ҷиноятӣ дар истеҳсолоти муфаттиш оид ба парвандаҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералӣ қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки 29-уми августи соли 2015 донишҷўи донишгоҳи Санкт-Петербург Умар Бобоҷонов аз ҷониби кормандони ШВКД-и шаҳри Ваҳдат бераҳмона латукўб шуда, ҳанўз ба ҳуш наомада, 4-уми сентябр дар беморхона вафот кард.

Аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Ваҳдат 1-уми сентябри соли 2015 тибқи моддаи 110, қисми 1 (Расонидани зарари вазнин ба саломатӣ аз беэҳтиётӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, тафтишоти пешакӣ оғоз карда шуд.

Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ, сабаби марги Умар Бобоҷонов ҷароҳати пўшидаи мағзи сар бо хунрезиҳо дар қисмати бофтаҳои нарм ва қисми болоии мағзи сар гуфта шуд.

Баъдтар, санаи 5-уми сентябри соли 2015, парванда ба қисми 3-и моддаи 110 (Расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст)-и КҶ ҶТ гузаронида шуд. Аз он замон Прокуратураи шаҳри Ваҳдат се маротиба бо сабаби маълум нашудани шахсоне, ки бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда шаванд, парвандаро боздошт.

Баъдан, аввалин бор дар таҷрибаи судии кишвар, оид ба ҷуброни зарари маънавӣ барои тафтишоти ғайри самаранок нисбати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъво карда шуд. Дар рафти мурофиаи судӣ ҷавобгар далелҳои даъвогарро рад карда, қарор дар бораи бекор кардани қарори Прокуратураи шаҳри Ваҳдат оид ба боз доштан ва аз сар гирифтани тафтишотро пешниҳод намуд. Аммо каме баъдтар тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ боз маротибаи сеюм боздошта шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон 0,46 кг партови сахт ба як нафар дар як рӯз ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.