Таърихи суруди як ҳунарманд аз Ӯзбекистон, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ ҳамовозӣ кард

Таронаи «Тоҷикам»-ро бори нахуст ҳунарманди тоҷикзабон аз ноҳияи Бойсуни Ӯзбекистон Хайрулло Насриддинов иҷро кард. Он замон дар Тоҷикистон даргириҳо дар авҷ буду ба тоҷикон бо назари шубҳа менигаристанд. Ҳунарманд мегӯяд, даргириҳои он замон нуфузи тоҷиконро паст карда, шахсоне ёфт мешуданд, ки мегуфтанд, «шумо чӣ миллатед, ки якдигарро мекушед». Аз ин рӯ, хоҳише буд, ки бори […]

Аваз Юлдашев, Asia-Plus

Таронаи «Тоҷикам»-ро бори нахуст ҳунарманди тоҷикзабон аз ноҳияи Бойсуни Ӯзбекистон Хайрулло Насриддинов иҷро кард. Он замон дар Тоҷикистон даргириҳо дар авҷ буду ба тоҷикон бо назари шубҳа менигаристанд.

Ҳунарманд мегӯяд, даргириҳои он замон нуфузи тоҷиконро паст карда, шахсоне ёфт мешуданд, ки мегуфтанд, «шумо чӣ миллатед, ки якдигарро мекушед». Аз ин рӯ, хоҳише буд, ки бори дигар дарвоқеъ кӣ будани тоҷикон хотиррасон шавад.

– Дар ин кор ба ман ҳамдиёрам аз Бойсун – омӯзгор Исматулло Кенҷаев кумак кард, ӯ шеъро навишта, ман ба он оҳанг баставу  сароидам.

Нахустин шунавандагони ин тарона тоҷикони Бойсун буданд, ки аз соли 1993 дигар Хайруллоро ба ҳамаи чорабиниҳо даъват намуда, дархост мекарданд, ки ин таронаро гаштаву баргашта сарояд.

Охири соли 2006 Хайрулло Насриддинов ба аёдати наздиконаш ба Душанбе омада, бо кумаки ҳамдиёраш, профессори Донишгоҳи миллӣ Равшан Раҳмонӣ ва раиси Кумитаи телевизиону радиои Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода тарона дар телевизиону радио сабт шуд.

Ин тарона Хайруллоро байни тоҷикон хеле маъруф сохта, дигар ин сурудро одамони оддӣ, ҳунармандони маҳаллӣ месуруданд ва бисёр вақт дар шабакаи телевизиону радио садо медод.

Баъди як сол Хайруллоро ба зиёфати ҳукумат бахшида ба ҷашни Наврӯз ба чойхонаи «Роҳат» даъват карданд, ки дар он Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон низ ҳузур дошт.

Бо дархости Эмомалӣ Раҳмон ҳунарманд ду маротиба пайдарпай ин сурудро иҷро кард. Маротибаи дуюм Эмомалӣ Раҳмон низ ба толор баромада, ба Хайрулло дар иҷрои суруд ҳамовозӣ кард. То ҳол мардуми тоҷик бо ифтихор ин сурудро месароянд.

Маълумотнома

Хайрулло Насриддинов зодаи ноҳияи Бойсуни Ӯзбекистон буда, аввали солҳои 70-ум Донишкадаи санъати Тоҷикистонро хатм намудаааст. Муддати начандон зиёд дар театри ба номи Лоҳутӣ актёрӣ кард. Сипас бо исрори падараш ба Бойсун баргашта, то ҳол дар театрҳои маҳаллӣ фаъолият дорад.

Падараш Насриддин Нуъмонов солҳои 20-ум яке аз аввалин муассисони мактабҳои нав дар Бойсун ва бародари марҳумаш – Иноят Насриддин нависанда ва журналисти маъруфи тоҷик мебошанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои кишварҳои кӯҳистони минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон аҳаммияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.