Оғози равуои автобусҳои нав дар хатсайри №25-и Душанбе

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Шурӯъ аз 1 август дар хатсайри рақами 25 аз маҳаллаи аҳолинишини «Зарафшон»-и пойтахт то бозори «Меҳргон» автобусҳои нав ба равуо оғоз мекунанд.

Муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки аз ҳисоби буҷети худ мақомоти шаҳрдории Душанбе боз аз Туркия 100 автобусҳои тамғаи ISUZU харидааст. Соли гузашта 140 адад чунин тамғаи автобусҳо харидорӣ шуда буд.

Муовини аввали раиси пойтахт қайд кард, ки дар Душанбе ба сурати умум беш аз 2900 адад воситаҳои нақлиёти мусофирбар ба шаҳрвандон хизматгузорӣ мекунанд, ки наздики 80%-и онҳо хусусӣ мебошанд.

«Дар тавозуни корхонаҳои коммуналии шаҳр 560 адад воситаҳои нақлиёт қарор доранд, ки ба мусофирони пойтахт хизматрасонӣ мекунанд. Бо туфайли ба тавозуни мо ворид гардидани автобусҳои ISUZU ва AKIA, корхонаҳои коммуналии шаҳр ба сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон беҳбуд мебахшанд», – иброз дошт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки нахустин автобусҳои ин тамға моҳи апрели соли гузашта ба Душанбе оварда шуданд. Баъди оғози ҳаракати онҳо дар хатсайрҳо, микроавтобусҳо (маршруткаҳо)-и чанде аз хатсайрҳо аз фаъолият бозмонданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...