Вазорати тандурустӣ: Ба Ҳамза Тиллозода дигар дар ҳеҷ ҷое кумак карда наметавонанд

Муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Саида Умарзода изҳор намуд, ки ба Ҳамза Тиллозода, набераи раиси фаъолияташ манъшудаи Ҳиби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, дигар дар ҳеҷ ҷое кумак карда наметавонанд, зеро ӯ гирифтори бемории саратони дараҷаи чорум аст. «Дар ин марҳилаи бемории саратон аломатҳои зуҳури беморӣ сабук карда мешаванд. Нисбати Ҳамза […]

Asia-Plus

Муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Саида Умарзода изҳор намуд, ки ба Ҳамза Тиллозода, набераи раиси фаъолияташ манъшудаи Ҳиби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, дигар дар ҳеҷ ҷое кумак карда наметавонанд, зеро ӯ гирифтори бемории саратони дараҷаи чорум аст.

«Дар ин марҳилаи бемории саратон аломатҳои зуҳури беморӣ сабук карда мешаванд. Нисбати Ҳамза ягон методи муолиҷаи пурра вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, зарур нест, ки ӯ ба хориҷа фиристода шавад.  Дар ин ҳолат ҳамаи он чизе, ки анҷом додан лозим аст, дар Тоҷикистон ҳам имкон дорад Мефаҳмам, ки волидон ин ҳақиқатро қабул карданӣ нестанд», – хабар дод Саида Умарзода.

Ба гуфтаи директори Маркази ҷумҳуриявии саратоншиносӣ Зафар Ҳусейнзода, Ҳамзаро дар ин марказ ҷарроҳӣ намуда, ба ӯ терапия таъин шуд, лекин наздиконаш онро рад намуданд.

«Баъди вазнин шудани вазъи кӯдак, онҳо ба мо муроҷиат карданд, ман онҳоро шахсан қабул ва муолиҷаи бепулро дар марказ пешниҳод кардам. Онҳо бори дигар инро рад намуда, изҳор доштанд, ки ӯро ба Туркия мебаранд», – гуфт Зафар Ҳусейнзода.

Қобили зикр аст, ки чанде пеш дар портали Change.org ба дастгирии Иброҳим (Ҳамза) Тиллозода ҷамъоварии имзоҳо оғоз гардида, созмондиҳандагони ин аксия иттилоъ медиҳанд, ки кӯдак аз бемории саратон азият мекашад, лекин ӯро барои ба табобат рафтан ба хориҷи кишвар иҷозат намедиҳанд.

Руҳулло Тиллозода, падари кӯдак чанд сол пеш Тоҷикистонро тарк карда буд. Ҳукуматдорон ӯро ба мисли раиси ҲНИТ дар дастгирии исёни мусаллаҳи собиқ муовини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода гунаҳкор медонанд. Гӯё бо супориши падараш Муҳиддин Кабирӣ ӯ ба генерал барои тайёрӣ ба ошӯби мусаллаҳона беш аз 1 млн. доллар маблағ додааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.