Шиносоии шахсии Рустами Эмомалӣ ба муроҷиатҳои шаҳрвандон дар Facebook

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳамарӯза бо арзу шикоят ва пешниҳодҳои марбут ба мушкилоти пойтахт, ки корбарони шабакаи иҷтимоии Facebook матраҳ месозанд, шахсан шинос мешавад. Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон итминон дод, ки ҳеҷ кадоме аз арзу шикоят бе таваҷҷуҳ намемонад. Ба гуфтаи ӯ, қабули шаҳрвандон дар мақомоти […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳамарӯза бо арзу шикоят ва пешниҳодҳои марбут ба мушкилоти пойтахт, ки корбарони шабакаи иҷтимоии Facebook матраҳ месозанд, шахсан шинос мешавад.

Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон итминон дод, ки ҳеҷ кадоме аз арзу шикоят бе таваҷҷуҳ намемонад.

Ба гуфтаи ӯ, қабули шаҳрвандон дар мақомоти шаҳрдории Душанбе мувофиқи ҷадвали тасдиқшуда сурат мегирад.

«Ба ҷуз, арзу шикояти мустақим, сокинон аксар вақт рӯи сафҳаи шабакаҳои иҷтимоӣ мушкилотро меоранд. Раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ бо ҳамаи пешниҳод ва арзу шикоятҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Facebook шахсан шинос мешавад. Ба ҳамаи мушкилот таваҷҷуҳ зоҳир мешавад. Пешниҳод ва эътирозҳои асосёфта мавриди омӯзиш қарор гирифта, барои ҳалли онҳо тадбирҳо андешида мешаванд. Баъзе масъалаҳо таъҷилан ва чандеи дигар мувофиқи имкон каме бо таъхир баррасӣ мешавад», – иброз дошт муовини аваали раиси шаҳр.

Дар ин робита ӯ муроҷиати занон ба раиси пойтахтро дар мавриди ҳимояи онҳо  аз «гаппартойиҳо»-и таҳқиромез дар кӯчаҳо аз ҷониби мардон мисол овард.

«Дар чораҷӯӣ оид ба ин масъала мақомоти шаҳрдорӣ дастур дод, ки гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, онҳо дар ҳамдастӣ бо фаъолони ҷомеаи ашҳрвандӣ байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд. Ғайр аз ин, дар ҷойҳои ҷамъиятии пойтахт ба таври иловагӣ 250 адад камераҳои мушоҳидаи берунӣ гузошта шуда, вазъи равшанидиҳии кӯчаҳои шаҳр беҳтар карда мешавад», – гуфт Зувайдзода.

Дар ҳамин ҳол, муовини аввали раиси шаҳр ҳамчунин қайд кард, ки Рустами Эмомалӣ дар шабакаи Facebook саҳифаи шахсӣ надошта, ҳамаи се саҳифае, ки имсол дар шабакаи иҷтимоӣ пайдо шуда, аллакай наздики 2 ҳазор нафар дӯстон доранд, қалбакӣ аст. «Рустами Эмомалӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаи расмӣ надорад», – афзуд ӯ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.