Рустами Эмомалӣ ба Меҳрона Ғайбуллоева стипендия таъин кард

Овозхони ҷавон Меҳрона Ғайбуллоев, ки ба туфайли иштирокаш дар барномаи телевизионии шабакаи НТВ-и Русия «Ты супер!» маъруф шуд, акнун аз ҳисоби буҷети пойтахт стипендия мегирад. Дар қарори дар ин хусус имзошуда аз ҷониби раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ зикр мегардад, ки Меҳрона Ғайбуллоева бо стипендияи раиси шаҳри Душанбе бо маблағи 250 сомонӣ дар як моҳ барои […]

Asia-Plus

Овозхони ҷавон Меҳрона Ғайбуллоев, ки ба туфайли иштирокаш дар барномаи телевизионии шабакаи НТВ-и Русия «Ты супер!» маъруф шуд, акнун аз ҳисоби буҷети пойтахт стипендия мегирад.

Дар қарори дар ин хусус имзошуда аз ҷониби раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ зикр мегардад, ки Меҳрона Ғайбуллоева бо стипендияи раиси шаҳри Душанбе бо маблағи 250 сомонӣ дар як моҳ барои нуҳ моҳи соли хониши 2017-2018 таъмин карда шавад.

Гуфта мешавад, ин иқдом бо мақсади ҳавасманд ва қадрдонӣ намудани соҳибистеъдоди ҷавон ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ амалӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки  моҳи майи соли ҷорӣ Меҳрона Ғайбуллоева бо намояндагӣ аз Тоҷикистон дар озмуни мусиқии шабакаи НТВ-и Русия «Ты супер!» иштирок карда, то давраи ниманиҳоии озмун расид.

Моҳи июн дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Меҳрона Ғайбуллоева изҳор дошта буд, ки «аз раиси шаҳри Душанбе дархост дорад, ки ҳадди ақал ду-се сол маблағи пардохти хонаи иҷораашро таъмин намояд».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.