Ваъдаи оғози фаъолияти корхонаи бузурги коркарди нафти Данғара пас аз як моҳ

Корхонаи бузурги коркарди нафт дар Минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и «Данғара» моҳи сентябри соли равон мавриди истифода қарор мегирад. Корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин дар марҳилаи аввал асосан сӯзишвории дизелӣ ва ҳамчунин як қатор навъҳои камсифати бензин ва битум истеҳсол мекунад. «Раҳбарияти КМ TK-Оil бо мактуби кафолатноки худ ваъда медиҳанд, ки навбати аввали корхонаи коркарди нафт моҳи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Корхонаи бузурги коркарди нафт дар Минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и «Данғара» моҳи сентябри соли равон мавриди истифода қарор мегирад. Корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин дар марҳилаи аввал асосан сӯзишвории дизелӣ ва ҳамчунин як қатор навъҳои камсифати бензин ва битум истеҳсол мекунад.

«Раҳбарияти КМ TK-Оil бо мактуби кафолатноки худ ваъда медиҳанд, ки навбати аввали корхонаи коркарди нафт моҳи сентябри соли равон ба истифода дода мешавад», – хабар дод ба «Азия-Плюс» муовини роҳбари МОИ «Данғара» Сафаралӣ Тайфуров.

Бино ба гуфтаи ӯ, корхона барои кор бо иқтидори коркарди 500 ҳазор тонна нафт дар як сол омода буда, айни замон мутахассисон ба баргузор намудани корҳои охирини озмоишӣ машғул мебошанд.

Ӯ қайд кард, ки ашёи хоме, ки тариқи роҳи оҳан ба корхона оварда мешавад, бо қубуре, ки айни замон гузошта шуда истодааст, ба корхона интиқол меёбад.

«Нахуст сохтмони шохаи роҳи оҳан то корхона дар назар буд. Баъдан бинокорон аз ин нақша даст кашида, тарзи арзонтари интиқоли ашёи хомро интихоб карданд: дар қитаи роҳи Бохтар-Кӯлоб 20 гектар қитъаи замин хариданд, ки дар он терминали боркашонӣ сохта мешавад. Аз ин терминал то корхона ба масофаи 1,2 километр қубур хобонида шуда, ба воситаи он ҳам ба корхона нафт интиқол ёфтаву бозпас аз корхона маҳсулоти тайёри нафтӣ ба терминал фиристода мешавад», – шарҳ дод Сафаралӣ Тайфуров.

Бино ба гуфтаи номбурда, нахуст таъминот бо ашёи хом аз Эрон пешбинӣ гардида, вале баъдан бинобар сабаби шиддат ёфтани муносибатҳои ин кишвар бо давлатҳои Ғарб (эҳтимоли ҷорӣ шудани таҳримҳои нав нисбати Эрон), лозим омад, ки  аз ин кор даст кашида шавад.

«Сармоягузорони Чин дар Қазоқистон ду кони нафт харида, аз ҳисоби захираҳои онҳо корхона бо ашёи хом таъмин мешавад», – иброз дошт Тайфуров.

Зимнан қайд шуд, ки дар марҳилаи аввал корхона асосан сӯзишвории дизелӣ, ҳамчунин бензини пастоктании навъи АИ-80, АИ-92 ва битуми сохтмонӣ истеҳсол мекунад.

Муовини роҳбари МОИ «Данғара» зикр кард, ки роҳандозии содироти маҳсулоти истеҳсолшуда дар корхона ба Афғонистон ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин Сафаралӣ Тайфуров таъкид намуд, ки оянда корхона бо иқтидори коркарди 1,2 млн. тонна нафт дар як сол фаъолият хоҳад дошт.

«Дар марҳилаи минбаъда истеҳсоли тамғаҳои аврупоии бензин – Евро-4 ва Евро-5, ҳамчунин гази моеъ, сӯзишвории дизелӣ, парафин ва битуми сохтмонӣ роҳандозӣ гардида, қисмате аз маҳсулоти корхона дар дохили ҷумҳурӣ фурӯхта мешавад ва  бо ин мақсад сохтмони нуқтаҳои фурӯши худӣ дар саросари кишвар дар назар аст», – гуфт ӯ.

Сафаралӣ Тайфуров мутмаин аст, ки пас аз мавриди истифода қарор гирифтани корхона арзиши маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон ба таври назаррас поин меравад.

«Агар дар бозор рақобати муносиб набошад, монополистони алоҳида нархҳоро мувофиқи салоҳидиди худ мегузоранд. Бо пайдо шудани рақибони арзанда, онҳо дигар ба ин амал имкон наёфта, табиист, ки нарҳо ба поинравӣ оғоз мекунанд», – афзуд ӯ.

Сохтмони корхонаи коркарди нафт дар МОИ «Данғара» бо иқтидори солонаи 1,2 млн. тонна нафт соли 2014 шурӯъ шуда, ба бунёди он корхонаи муштараки TK-oil-и Тоҷикистону Чин машғул аст, ки аз ҷониби ширкатҳои чинии Dong Ying heli Investment and Development ва «Ҳасан ва Ко»-и Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Ҳанӯз то оғози сохтмон ҳаҷми сармоягузорӣ дар марҳилаи аввал (хати коркарди иқтидори 300 ҳазор тонна нафт дар як сол) дар ҳаҷми 80 млн. доллар эълон шуда, дар марҳилаҳои дуюму сеюм 300-500 млн. доллар маблағ зарур мешавад. Ҳиссаи Чин дар лоиҳа – 90 фоиз ва Тоҷикистон – 10 фоизро ташкил медиҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.