«Тоҷик Эйр» парвози аввалин ба Самарқандро анҷом медиҳад

Ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвози нахустинро дар самти Душанбе – Самарқанд – Душанбе анҷом медиҳад. Тавре аз дафтари матбуоти ширкат хабар доданд, парвоз рӯзи 28 июл бо ҳавопаймои Boeing 737–300 соати 09:00 аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сурат мегирад. Бино ба иттилои манбаъ, муддати парвоз ба як тараф 45 дақиқа ва нархи чипта 684 сомонӣ […]

Asia-Plus

Ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвози нахустинро дар самти Душанбе – Самарқанд – Душанбе анҷом медиҳад.

Тавре аз дафтари матбуоти ширкат хабар доданд, парвоз рӯзи 28 июл бо ҳавопаймои Boeing 737–300 соати 09:00 аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сурат мегирад.

Бино ба иттилои манбаъ, муддати парвоз ба як тараф 45 дақиқа ва нархи чипта 684 сомонӣ аст. Парвози дуюм бо ин хатсайр рӯзи 4 август дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки имрӯз тариқи ҳавопаймоҳои ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йуллари»-и кишвари ҳамсоя метавон аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон сафар кард.

«Ӯзбекистон ҳаво йуллари» аз моҳи апрели соли гузашта ба иҷрои парвозҳо тариқи хатсайри Тошканд – Душанбе – Тошканд шурӯъ намуд: 11 апрел бори нахуст давоми 25 сол ҳавопаймои ширкати ӯзбекистон ба Душанбе фуруд омад. Парвозҳо дар ин самт айни замон ҳафтае як маротиба анҷом дода мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.