Обуҳавошиносон рӯзҳои 27-29 июл дар баъзе ноҳияҳои минтақаи кӯҳистони кишвар боришотро пешгӯӣ мекунанд.
Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, ин рӯзҳо дар Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад.
Гуфта мешавад, дар ноҳияҳои ҷудогонаи доманакӯҳи ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Суғд ва ВМКБ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешбинӣ шуда, ҳарорат то 39 дараҷа гарм мешавад.
Обуҳавошиносон ҳушдор медиҳанд, ки дар робита ба боришот дар минтақаҳои кӯҳистон дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон хатари болоравии сатҳи об ва дар мавзеи баландкӯҳ фаромадани сел бар асари обшавии барф ва пиряхҳо вуҷуд дорад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.


