Вазорати меҳнат: Шумори муҳоҷирони корӣ дар Русия миллион нафар нест

Шумори муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия каме бештар аз 664 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, хабар дод вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода зимни нишасти хабарӣ. Ба саволи журналистон дар бораи сабаби фарқи маълумоти ҷонибҳо доир ба шумори муҳоҷирони корӣ, ки Русия беш аз 1 млн. нафар ва Тоҷикистон хеле камтар нишон медиҳанд, […]

Акмал Маннонов, Asia-Plus

Шумори муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия каме бештар аз 664 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, хабар дод вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода зимни нишасти хабарӣ.

Ба саволи журналистон дар бораи сабаби фарқи маълумоти ҷонибҳо доир ба шумори муҳоҷирони корӣ, ки Русия беш аз 1 млн. нафар ва Тоҷикистон хеле камтар нишон медиҳанд, Тағойзода омори расмии мақомоти муҳоҷирати Русияро пешниҳод намуд.

«Тибқи ин маълумот, ба санаи 30 июни соли 2018 – 688 ҳазору 22 нафар аз Тоҷикистон ба Русия рафта, 408 ҳазору 631 нафар тоҷикистониён хориҷ шудаанд. Имрӯз дар қаламрави Русия 1 млн. 121 ҳазору 337 нафар тоҷикистониён ҳузур дошта, ин рақам ба ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон дахл дорад, лекин ҳамаи онҳо муҳоҷир нестанд…», – таъкид дошт вазир.

Ба гуфтаи ӯ, 664 ҳазору 263 нафар худро ба қайди муҳоҷират гузоштаанд, ки ин рақам шумори расмии муҳоҷирони корӣ дар қаламрави Русия мебошад ва боз шумори муайяни муҳоҷирони ғайриқонунӣ низ ҳастанд.

«Нимсолаи аввал беш аз 251,2 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон (рақамҳо бар асоси кортҳои муҳоҷират оварда шудааст) муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар, аз ҷумла зиёда аз 240,7 ҳазор нафар дар Русия ва беш аз 6,8 ҳазор нафар дар Қазоқистонро ихтиёр намуданд», – гуфт Сумангул Тағойзода.

Зимнан зикр гардид, ки тӯли 6 моҳи соли равон 459 ҷасадҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан оварда шудааст, ки бо сабаҳои гуногун дар хориҷи кишвар аз олам даргузаштаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.