Баррасии шикояти ширкати чинии «Лен Ху А» дар Суди олии иқтисодӣ

Шикояти таҷдиди назар (кассатсионӣ)-и ширкати чинии «Лен Ху А» мавриди баррасӣ қарор дошта, алҳол натиҷаҳои он маълум нестанд. Раиси Суди олии иқтисодии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки соҳибкори Чин аз болои қарори Суди иқтисодии шаҳри Душанбе шикоят карда, суди зинаи таҷдиди назар ҳақ будани кадом ҷонибро муайян хоҳад […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Шикояти таҷдиди назар (кассатсионӣ)-и ширкати чинии «Лен Ху А» мавриди баррасӣ қарор дошта, алҳол натиҷаҳои он маълум нестанд.

Раиси Суди олии иқтисодии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки соҳибкори Чин аз болои қарори Суди иқтисодии шаҳри Душанбе шикоят карда, суди зинаи таҷдиди назар ҳақ будани кадом ҷонибро муайян хоҳад кард.

Дар баробари ин Қаландарзода ақидаи соҳибкори Чинро дар мавриди шубҳааш ба боадолат будани мақомоти судии Тоҷикистон рад намуд.

«Суди иқтисодии Тоҷикистон мустақил ва боадолат аст ва гуфтаҳои ӯ доир ба фишор болои суд ҳеҷ асосе надорад», – изҳор дошт Қаландарзода.

Ёдрас мекунем, ки ду сол пеш соҳибкори чинӣ Ҷен Ху А, молики ширкати «Лен Ху А» ва Маркази фарҳанги Чин дар Тоҷикистон дар бораи ғасби рейдерии корхонааш оид ба истихроҷи металли сурма дар мавзеи Чойрухдаррон дар вилояти Суғд хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, ба сохтмони корхона ӯ 1 млн. доллар маблағгузорӣ кардааст. Шарики ӯ, роҳбари ширкати «Азия-тур» Каромат Содиқова корхонаи ӯро дар «Ориёнбонк» ба гарав гузошта, ба маблағи наздики 1 млн. сомонӣ қарз мегирад, вале пулҳоро барнамегардонад. Дар натиҷа бонк пардохти қарзро аз тоҷири Чин талаб мекунад.

Баҳсҳои тӯлонии судӣ дар Суди иқтисодии Душанбе ва Суди олии иқтисодӣ бо ҳабси амволи соҳибкори Чин анҷом пазируфтанд. Дар натиҷа фаъолияти корхона боздошта шуда, 130 нафар коргароне, ки моҳона аз 1500 то 2000 сомонӣ маош мегирифтанд, бекор монданд.

«Минбаъд ширкати маро бо нархи даҳҳо маротиба пасстар аз арзиши аслӣ ба Каромат Содиқова фурӯхтанд», – изҳор дошта буд он замон тоҷири Чин.

Аввали соли 2018 Агентии зиддифасоди Тоҷикистон Каромат Содиқоваро ба гумони даст доштан дар содир намудани ҷиноятҳо бо ду моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд ва сохтакории ҳуҷҷатҳо боздошт намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.