Шиносоии шахсии Рустами Эмомалӣ ба муроҷиатҳои шаҳрвандон дар Facebook

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳамарӯза бо арзу шикоят ва пешниҳодҳои марбут ба мушкилоти пойтахт, ки корбарони шабакаи иҷтимоии Facebook матраҳ месозанд, шахсан шинос мешавад.

Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон итминон дод, ки ҳеҷ кадоме аз арзу шикоят бе таваҷҷуҳ намемонад.

Ба гуфтаи ӯ, қабули шаҳрвандон дар мақомоти шаҳрдории Душанбе мувофиқи ҷадвали тасдиқшуда сурат мегирад.

«Ба ҷуз, арзу шикояти мустақим, сокинон аксар вақт рӯи сафҳаи шабакаҳои иҷтимоӣ мушкилотро меоранд. Раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ бо ҳамаи пешниҳод ва арзу шикоятҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Facebook шахсан шинос мешавад. Ба ҳамаи мушкилот таваҷҷуҳ зоҳир мешавад. Пешниҳод ва эътирозҳои асосёфта мавриди омӯзиш қарор гирифта, барои ҳалли онҳо тадбирҳо андешида мешаванд. Баъзе масъалаҳо таъҷилан ва чандеи дигар мувофиқи имкон каме бо таъхир баррасӣ мешавад», – иброз дошт муовини аваали раиси шаҳр.

Дар ин робита ӯ муроҷиати занон ба раиси пойтахтро дар мавриди ҳимояи онҳо  аз «гаппартойиҳо»-и таҳқиромез дар кӯчаҳо аз ҷониби мардон мисол овард.

«Дар чораҷӯӣ оид ба ин масъала мақомоти шаҳрдорӣ дастур дод, ки гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, онҳо дар ҳамдастӣ бо фаъолони ҷомеаи ашҳрвандӣ байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд. Ғайр аз ин, дар ҷойҳои ҷамъиятии пойтахт ба таври иловагӣ 250 адад камераҳои мушоҳидаи берунӣ гузошта шуда, вазъи равшанидиҳии кӯчаҳои шаҳр беҳтар карда мешавад», – гуфт Зувайдзода.

Дар ҳамин ҳол, муовини аввали раиси шаҳр ҳамчунин қайд кард, ки Рустами Эмомалӣ дар шабакаи Facebook саҳифаи шахсӣ надошта, ҳамаи се саҳифае, ки имсол дар шабакаи иҷтимоӣ пайдо шуда, аллакай наздики 2 ҳазор нафар дӯстон доранд, қалбакӣ аст. «Рустами Эмомалӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаи расмӣ надорад», – афзуд ӯ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...