Вазорати тандурустӣ: Ба Ҳамза Тиллозода дигар дар ҳеҷ ҷое кумак карда наметавонанд

Asia-Plus

Муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Саида Умарзода изҳор намуд, ки ба Ҳамза Тиллозода, набераи раиси фаъолияташ манъшудаи Ҳиби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, дигар дар ҳеҷ ҷое кумак карда наметавонанд, зеро ӯ гирифтори бемории саратони дараҷаи чорум аст.

«Дар ин марҳилаи бемории саратон аломатҳои зуҳури беморӣ сабук карда мешаванд. Нисбати Ҳамза ягон методи муолиҷаи пурра вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, зарур нест, ки ӯ ба хориҷа фиристода шавад.  Дар ин ҳолат ҳамаи он чизе, ки анҷом додан лозим аст, дар Тоҷикистон ҳам имкон дорад Мефаҳмам, ки волидон ин ҳақиқатро қабул карданӣ нестанд», – хабар дод Саида Умарзода.

Ба гуфтаи директори Маркази ҷумҳуриявии саратоншиносӣ Зафар Ҳусейнзода, Ҳамзаро дар ин марказ ҷарроҳӣ намуда, ба ӯ терапия таъин шуд, лекин наздиконаш онро рад намуданд.

«Баъди вазнин шудани вазъи кӯдак, онҳо ба мо муроҷиат карданд, ман онҳоро шахсан қабул ва муолиҷаи бепулро дар марказ пешниҳод кардам. Онҳо бори дигар инро рад намуда, изҳор доштанд, ки ӯро ба Туркия мебаранд», – гуфт Зафар Ҳусейнзода.

Қобили зикр аст, ки чанде пеш дар портали Change.org ба дастгирии Иброҳим (Ҳамза) Тиллозода ҷамъоварии имзоҳо оғоз гардида, созмондиҳандагони ин аксия иттилоъ медиҳанд, ки кӯдак аз бемории саратон азият мекашад, лекин ӯро барои ба табобат рафтан ба хориҷи кишвар иҷозат намедиҳанд.

Руҳулло Тиллозода, падари кӯдак чанд сол пеш Тоҷикистонро тарк карда буд. Ҳукуматдорон ӯро ба мисли раиси ҲНИТ дар дастгирии исёни мусаллаҳи собиқ муовини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода гунаҳкор медонанд. Гӯё бо супориши падараш Муҳиддин Кабирӣ ӯ ба генерал барои тайёрӣ ба ошӯби мусаллаҳона беш аз 1 млн. доллар маблағ додааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...