ВКД: ҳамаи ҷинояткорони мавриди ҷустуҷӯ қарордошта нобуд карда шуданд

Asia-Plus

Дар ҳудуди деҳаи Осмондараи ноҳияи Данғара 3 нафар ҷинояткорони мавриди ҷустуҷӯ қарордошта муайян ва безарар гардонида шуданд, – хабар дода мешавад дар сомонаи ВКД Тоҷикистон.

Дар бораи дигар ҷузъиёти аз байн бурдани ҷинояткорон маълумот дода нашудааст.

Рӯзи 29 июли соли 2018, соати 15.30-дақиқа, ҳангоми ҳаракати велосипедронони хориҷӣ дар ҳайати 7 нафар дар минтақаи ҷамоати Себистони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ронандаи нақлиёти ба тафтишот номаълум онҳоро пахш карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб зад.

Дар натиҷаи ин ҳодиса 3 нафар хориҷиён дар ҷои ҳодиса ва 1 нафар дар беморхонаи ноҳияи Дангара ба ҳалокат расиданд. Ба 3 нафар шаҳрвандон, ки ҷароҳатҳои сабук гирифтанд кӯмаки тиббӣ ва рӯҳӣ-равонӣ расонида шуда истодааст.

Тафтишот аз рӯи ин ҳодисаро Прокуратураи генералии Тоҷикистон доир намуда, гурӯҳи тафтишотиро шахсан прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон роҳбарӣ мекунад.

Зимни нишасти матбуотии имрӯза вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода изҳор намуд, ки афроди мавриди ҷустуҷӯ қарор дошта бо силоҳи оташфишон ё дигар навъи аслиҳа мусаллаҳ буда метавонанд.

Дар ҳамин ҳол, дар бораи мқсадҳои содир шудани ин ҷиноят маълумот дода намешавад. «Феълан фарзияҳои садамаи нақлиёт, ҳамла бо мақсади ғоратгарӣ ва қатл баррасӣ мешавад. Ҳамчунин фарзияи амали террористӣ низ аз эҳтимол дур нест», – гуфт Раҳимзода.

Бино ба гуфтаи сардухтури бемористони Данғара Хизматулло Шамсов, рӯзи 29 июл баъди ҳодиса ҷасади 4 нафар ҳалокшудагон оварда шуда, дар ҷисми онҳо осори зарбаҳо бо предмети нӯгтез дида мешуд. «Аз се нафар зиндамонда ҳам ду нафарашон захм бардошта буданд», – гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки субҳи рӯзи 30 июл ҷасадҳои кушташудагон ва сайёҳони захмишуда ба Душанбе фиристода шуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...