Собиқадори ОМОН: зимни камтарин гумони истифодаи силоҳ ҷинояткорон кушта мешаванд

– “Ҷинояткоронро зинда дастгир кардан ё аз байн бурдан” – ҳамааш маҳз ба чӣ гуна фармон содир шудан вобаста аст, – гуфт дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” собиқадори Дастаи таъиноти махсуси милитсия (ОМОН)-и ВКД Тоҷикистон дар посух ба саволи бо чӣ сабаб безарар гардонида шудани ҷинояткорони дастдошта дар куштори сайёҳони хориҷӣ. Номбурда замоне дар якчанд амалиёти […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

– “Ҷинояткоронро зинда дастгир кардан ё аз байн бурдан” – ҳамааш маҳз ба чӣ гуна фармон содир шудан вобаста аст, – гуфт дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” собиқадори Дастаи таъиноти махсуси милитсия (ОМОН)-и ВКД Тоҷикистон дар посух ба саволи бо чӣ сабаб безарар гардонида шудани ҷинояткорони дастдошта дар куштори сайёҳони хориҷӣ.

Номбурда замоне дар якчанд амалиёти махсуси дастгир ё безарар гардонидани аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ иштирок кардааст.

Полковники мустаъфии милитсия бидуни ифшои ному насаб изҳор намуд, ки маъмулан ба ин гуна амалиёт ҷангиёни ОМОН, ВКД ва гурӯҳи “Алфа”-и КДАМ Тоҷикистон сафарбар мешаванд.

“Пас аз ошкор шудани макони пинҳоншавии ҷинояткорон, аз ҳисоби ҷангиёни воҳидҳои махсус гурӯҳҳои иҳотаи гирду атрофи пинҳонгоҳ, мерганҳо (снайперҳо), мушоҳидон, боздошт ва ҳамла таъсис дода шуда, аҳолии иқоматдошта дар наздикии маҳалли баргузории амалиёт бояд ба ҷойи бехавф кӯчонида шавад”, – гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи мерганҳо ва ҳамлагарон зимни гумони камтарини истифодаи ҳама гуна навъи аслиҳа аз ҷониби ҷинояткорон ё эҷоди хатар ба ҳаёти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, метавонанд барои куштани онҳо оташ кушоянд.

“Лекин баъзан фармонҳое чун “ба ҳар қимат зинда дастгир кардан” содир мешавад. Дар ин ҳолатҳо ҷангиён ҳатто ба ивази ҷони худ ба иҷрои фармон уҳдадор мешаванд. Дар таҷрибаи кори ман чунин фармонҳо содир нашуда буданд”, – илова кард коршинос.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.