Анҷоми ду лоиҳаи ҳукумати Ҷопон дар Суғд дар доираи барномаи GGP

Дар вилояти Суғд маросими муваффақона анҷом ёфтани лоиҳаҳои Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) баргузор шуд. Дар маросими анҷомёбии «Лоиҳаи таҷҳизонидани Маркази захиравии бонувон дар ҷамоати Ворух ноҳияи Исфара» Такаши Окимото, сардори шуъбаи фарҳангии Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ширка варзид. Бо мақсади дастгирӣ ва ихтисосомӯзии бонувони […]

Иттилоияи расмӣ

Дар вилояти Суғд маросими муваффақона анҷом ёфтани лоиҳаҳои Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) баргузор шуд.

Дар маросими анҷомёбии «Лоиҳаи таҷҳизонидани Маркази захиравии бонувон дар ҷамоати Ворух ноҳияи Исфара» Такаши Окимото, сардори шуъбаи фарҳангии Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ширка варзид. Бо мақсади дастгирӣ ва ихтисосомӯзии бонувони маҳаллӣ, ба ташкилоти ҷамъиятии “Маркази дастгирии ҷамоати Ворух” аз тарафи Ҳукумати Ҷопон маблағи умумии 13,240 доллари ИМА ҳамчун грант барои харид намудани таҷҳизот ва ташкили курсҳои омузишӣ ҷудо гашта буд.

Ҷаноби Окимото дар якчоягӣ бо оғои Шавқат Солеҳиён, муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ, ҳамчунин дар маросими ба охир расидани «Лоиҳаи дастрас намудани техника барои нигоҳдории канали обёрӣ дар ноҳияи Мастчоҳ» иштирок карданд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Мастчоҳ грантро бо маблағи умумии 89,900 доллари ИМА бо мақсади бехтар намудан ва нигоҳдории канали обёрии ноҳия ба даст овард.

Зимни баромади хеш дар маросимҳои фавқуззикр, Окимото қайд намуд, ки лоиҳаҳои Барномаи кӯмакҳои бебозгашти Ҷопон барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми маҳаллии Тоҷикистон назаррасанд ва равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопонро боз ҳам вусъат мебахшанд.

Сокинони маҳаллӣ ва кормандони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияҳо ба Ҳукумати Ҷопон барои дастгирӣ ва беҳтар гардонидани соҳаи маориф, хизматрасонии тиббӣ ва кишоварзӣ дар ноҳияҳои гуногуни кишвар бо татбиқи лоиҳаҳои мазкур изҳори миннатдории самимӣ баён намуданд.

Кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP) тарҳи Барномаи расмии Ҷопон оид ба рушд мебошад. Алалхусус, лоиҳаҳои кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ барои дастгирӣ намудани соҳаҳои мухталифи бахши аъзами аҳолӣ дар сартосари Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шуда ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, ҳамчунин ба созмонҳои ғайридавлатӣ расонида мешавад.

Аз соли 1996 то инҷониб, кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ 389 лоиҳаро ба маблағи умумии $31,5 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.