Коршинос: кӯшишҳои дарёфти пайи Давлати исломӣ дар Данғара бефоида аст

– Кӯшишҳои даст доштани Давлати исломӣ дар куштори сайёҳон дар ноҳияи Данғара бефоида буда, лекин бо итминон метавон гуфт, ки дар он ҷо амали террористӣ содир шуд, – изҳор дошт дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” собиқадори мақомоти амнияти давлатии Тоҷикистон Давлатхоҷа Назиров. Полковники мустаъфии Кумитаи давлатии бехатарии Иттиҳоди Шӯравӣ мутмаин аст, ки дар Тоҷикистон “умуман ягон […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

– Кӯшишҳои даст доштани Давлати исломӣ дар куштори сайёҳон дар ноҳияи Данғара бефоида буда, лекин бо итминон метавон гуфт, ки дар он ҷо амали террористӣ содир шуд, – изҳор дошт дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” собиқадори мақомоти амнияти давлатии Тоҷикистон Давлатхоҷа Назиров.

Полковники мустаъфии Кумитаи давлатии бехатарии Иттиҳоди Шӯравӣ мутмаин аст, ки дар Тоҷикистон “умуман ягон ташкилоти ибтидоии Давлати исломӣ вуҷуд надошта, танҳо метавон пайравони Ҳаракати исломии Туркистонро дарёфт кард, ки аз пайвастшавиашон ба Давлати исломӣ хабар доданд”.

“Дар ҷангҳои Ироқу Сурия сутунмуҳраи Давлати исломиро шикастанд, имрӯз ин созмони террористӣ дар ҳеҷ куҷои дунё коре аз дасташ намеояд, амалҳои террористиро аз номи ин созмон дар Афғонистону кишварҳои Аврупо дигар созмонҳои террористӣ, аз қабили Толибон, “Ҷабҳат-а-Нусра”, “Ҷамоати Ансоруллоҳ” содир мекунанд”, – гуфт полковники мустаъфӣ.

Номбурда муътақид аст, ки имрӯз “боқимондаҳои Давлат исломӣ масъулияти ҳамаи амалҳои террористиро, ки дар нуқтаҳои гуногуни дунё содир мешаванд, ба дӯши худ мегиранд, то ки нуфузи худро нигоҳ дошта, аз зинда буданашон дарак диҳанд”.

“Дар баробари ин, ба ақидаи ман, агар ҳамла ва куштори сайёҳони хориҷӣ бо мақсади ғоратгарӣ ё роҳзанӣ сурат гирифта бошад ҳам, онро ҳамчун амали террористӣ бояд муайян кард, ки дар натиҷа ба обрӯву нуфузи Тоҷикистон ва имиҷи сайёҳии он зиёни бузург расонида шуд”, – илова намуд коршинос.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.