ВКД ба куштори сайёҳон даст доштани аъзои ҲНИ-ро изҳор мекунад

Дар робита ба ҳодисаи қатли сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара ВКД Тоҷикистон изҳор медорад, ки фармоишгар ва аъзои гурӯҳи ҷиноятпеша дар сафҳои созмони террористии Ҳизби наҳзати ислом (ҲНИ) қарор дошта, дар Эрон таълимоти динӣ гирифтаанд. “Ҳангоми пурсиш дастгиршуда Ҳусейн Абдусамадов тасдиқ кард, ки ӯ роҳбари гуруҳи муташаккили ҷиноятии мазкур мебошад. Аз нишондоди Абдусамадов Ҳ.А. бармеояд, […]

Asia-Plus

Дар робита ба ҳодисаи қатли сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара ВКД Тоҷикистон изҳор медорад, ки фармоишгар ва аъзои гурӯҳи ҷиноятпеша дар сафҳои созмони террористии Ҳизби наҳзати ислом (ҲНИ) қарор дошта, дар Эрон таълимоти динӣ гирифтаанд.

“Ҳангоми пурсиш дастгиршуда Ҳусейн Абдусамадов тасдиқ кард, ки ӯ роҳбари гуруҳи муташаккили ҷиноятии мазкур мебошад. Аз нишондоди Абдусамадов Ҳ.А. бармеояд, ки номбурда дар солҳои 2014-2015 чор маротиба ба шаҳрҳои Қум ва Мозандарони Ҷумҳурии Исломии Эрон рафта, таълими идеологӣ, ҳарбӣ-диверсионӣ гирифта, дар он ҷо бо аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати ислом, ҷинояткори дар ҷустӯҷӯ қарордошта Убайдов Носирхӯҷа Аҳтамович бо тахаллуси «Қорӣ-Носир» вохӯрӣ намуда, бо роҳи додани байъат ба Ҳизби экстремистии наҳзати Ислом шомил гардидааст”, – қайд мешавад дар маълумоти дар ин робита нашршуда дар сомонаи Вазорат.

Гуфта мешавад, фармоишгари ҷиноят Убайдов Н.А., ки аз соли 1992 аъзои фаъоли ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати ислом мебошад, аз соли 2015 дар ҷустуҷӯи расмӣ ( бо моддаи 187 КҶ) қарор дорад. Сипас Абдусамадов Ҳ.А. бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятию давлатии Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Носирхӯҷа Убайдов ҷинояти мазкурро бо бераҳмии махсус бо дигар шариконаш содир намуданд.

Бино ба маълумоти ВКД, пас аз содир намудани ҷиноят онҳо мақсад доштанд, ки тавассути ноҳияи Панҷ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор намуда, ба гурӯҳҳои террористӣ пайваст шаванд.

Дар сомонаи ВКД Тоҷикистон, ному насаб ва суратҳои аъзои гурӯҳи ҷиноятпеша нашр шудааст.

“Аслиддин Юсупов бинобар сабаби нишон додани муқобилияти мусаллаҳона бо истифода аз табар ба баногӯши корманди мақомоти корҳои дохилӣ – муовини аввали сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД подполковники милитсия Ҷумахон Назарзода зарба задан, безарар гардонида шуд”, – омадааст дар хабар.

Ҳамчунин зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ Асомиддин Маҷидов, Зафар Сафаров, Ҷаъфариддин Юсупов муқовимати мусаллаҳона нишон дода, дар ҷойи ҳодиса безарар гардонида шуданд.

“Ба гумони даст доштан дар содир шудани ин ҷиноят сокинони шаҳри Кӯлоб Диловар Шарипов, Ҷамшед Назаров ва сокини ноҳияи Ҷайҳун Вайсиддин Сайфиддинов ва ба гумони маблағгузорӣ ба амалҳои гурӯҳ сокини шаҳри Норак Кароматулло Ғаниев боздошт шудаанд”, – иттилоъ медиҳад ВКД.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, пас аз дидаву дониста пахш кардан ва аз по афтонидани шаҳрвандони хориҷӣ, ҷинояткорон бо мақсади куштан бо олотҳои халандаю бурранда аз қабили кордҳои калон ва табарҳо ба узвҳои ҳаётан муҳими сайёҳон зада, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Дар натиҷа 4 нафар сайёҳони хориҷӣ – Аустин Ҷей, Лаурен Анне Мунотз шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Воке Рен Виллем шаҳрванди Нидерландия, Хамел Маркус шаҳрванди Шветсария ба ҳалокат расида, 2 нафари дигар Ким Айрис ва Дименд Мари Клер шаҳрвандони Шветсария дар ҳолати вазнин ба беморхонаи ноҳияи Данғара бистарӣ карда шудаанд. Шаҳрванди Франсия Казабат Гуиллаюм Ҷеан осеб надидааст.

Дар ҳамин ҳол, созмони террористии Давлати исломӣ (фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ аст) масъулияти ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистонро ба дӯш гирифт. Дар ин бора SITE Intelligence Group-и амрикоӣ хабар медиҳад, ки фаъолияти иттилоотии ифротгароёнро пайгирӣ мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио