Вакил: дар истифодаи симкортҳо шаҳрвандон масъулияти бештар ҳис мекунанд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Воқеъияти имрӯза собит сохт, ки алоқаи мобилӣ ва интернет роҳу воситаи асосии ҷалби шаҳрвандон ба сафҳои созмонҳои террористӣ боқӣ мемонанд, изҳор дошт ба «Азия-Плюс» раиси Кумитаи парлумон оид ба масоили мудофиа ва амният, генерал-майор, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ҷӯрахон Маҷидзода.

Ӯ қайд кард, ки ҳамарӯза корбарони шабакаи интернет ва алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон аз созмонҳои террористӣ ва ифротгаро бо даъвати пайвастан ба онҳо даҳҳо ҳазор паёмаку маълумот мегиранд.

«Истифодаи маълумот аз шабакаи интернет ва алоқаи мобилӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сатҳи ошкоршавии ҷиноятҳои марбут ба даъват ба ҳамроҳшавӣ ба сафҳои террористонро боло мебарад», – чунин мешуморад вакил.

Номбурда бар ин назар аст, ки ба намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ на ҳамеша муяссар мешавад, ки маҳз аз кадом пойгоҳи интернетӣ ё телефони алоқаи мобилӣ робита барқарор кардани тоҷикистониёнро бо намояндагони ташкилотҳои террористӣ муайян кунанд.

«Ҳолатҳое буданд, ки террористон аз телефонҳои роҳгузарони тасодуфӣ, шиносҳояшон истифода мекарданд ва ҳама гуна тадбири таҳкими назорат аз болои интернет ва алоқаи мобилӣ, ба бовари ман, масъулиятнокии шаҳрвандонро баланд бардошта, амниятро дар ҷомеа таъмин менамояд», – таъкид дошт вакил.

Зимнан зикр шуд, ки ҷорӣ шудани маблағи пардохт барои симкортҳои ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар таҷрибаи ҷаҳонӣ нав нест.

«Тибқи маълумоте, ки дорам, чунин таҷриба чанд сол пеш дар Туркия ҷорӣ шуда, дар он ҷо имрӯз барои харидани симкорт ҳудуди 50 доллар маблағ пардохт мекунанд», – илова намуд вакил.

Қобили зикр аст, ки Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон арзиши як симкорти ширкатҳои мобилии ҷумҳуриро дар ҳаҷми 250 сомонӣ (26 доллар) муқаррар кард. Ташаббуси ҷорӣ кардани пардохт барои симкортҳо бо ин миқдор маблағ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ба хотири таъмини ҳарчи бештари амният пешниҳод шуд.

Рӯзи якшанбе муштариёни ширкати мобилии «Мегафон-Тоҷикистон» тариқи паёмак огоҳ карда шуданд, ки аз 1 сентябр арзиши симкортҳо 250 сомониро ташкил хоҳанд дод. Дубора бақайдгирии симкорт низ ҳамин нархро хоҳад дошт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...