Роҳбари БАОР ба бонкҳо: пулро на ба кадом як ҷияни касе, балки ба шахсони боэътимод додан лозим аст

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Раиси Раёсати Бонки авруосиёии рушд (БАОР) Андрей Белянинов сабаби фаъолияти ноустувори чанде аз бонкҳои Тоҷикистонро ба додани қарзҳо ба шахсони беэътимоду носанҷида аз ҷониби бонкҳо марбут медонад.

Дар ҳошияи кори аввалин Конгресии ВАО-и авруосиёӣ дар Қазоқистон ӯ қайд кардааст, ки бонкҳо бо маблағҳои бузург ва муомилоти ҷиддӣ сарукор доранд, ки масъулияти зиёд тақозо мекунад.

“Пулро на ба кадом як ҷияни касе, балки ба шахсони ҳуқуқии боэътимод додан лозим аст”, – изҳор доштааст ӯ.

Соли 2016 чанде аз бонкҳои Тоҷикистон ба камбуди шадиди захираҳои молиявӣ дучор гардида, дар ин робита уҳдадориҳои худро назди мизоҷон иҷро карда натавонистанд.

Аз ҷумла ду бонки низмсози кишвар “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” ба чунин мушкилот дучор шуда, имрӯз ба туфайли кумаки расонидаи ҳукумат дар аввали соли гузашта ба маблағи умумии 3 млрд. 320 млн. сомонӣ фаъолият доранд.

Боз ду бонки начандон бузурги ҷумҳурӣ – “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” моҳи феврали соли гузашта аз иҷозатномаи фаъолият маҳрум шуда, айни замон ҷараёни барҳамдиҳии онҳо идома дорад.

Қаблан раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон омехта кардани тиҷорати шахсӣ бо фаъолияти бонкӣ ва додани қарзҳо ба шахсони шиносро сабабҳои асосии монеъагузори фаъолияти муътадили низоми бонкӣ унвон карда буд.

Дар худи бонкҳои дорои мушкилот низ эътироф мекунанд, ки маблағҳо бидуни пешакӣ баргузор намудани таҳлил ба шахсони шубҳанок, ҳамчунин ба наздикону шиносон бо гарави амволи арзишаш пасттар аз қарз дода шуда буданд.

Ба ҳар ҳол, аз талошҳои ин бонкҳо дар самти ҷалби сармоягузории дарозмуҳлати ниҳодҳои молии байнулмилалӣ, ки яке аз шартҳои асосии пешниҳоди кумаки молиявӣ аз ҷониби ҳукумат буд, натиҷае ҳосил нашуд.

Яке аз сабабҳои вазъи мушкили бонкҳоро бидуни ифшои ному насаб яке аз бонкдорони ҷумҳурӣ дахолати ҳукумат ба фаъолияти онҳо номид.

"Давоми солҳои зиёд бонкҳо бо супориши ҳукумат ба ин ё он бахши иқтисод қарзҳои ҳадафнок медоданд, ҳарчанд аз рӯи қонунгузорӣ ба ин ҳеҷ гуна ҳуқуқе надоштанд”, – мегӯяд номбурда.

Ғайр аз ин, худи бонкҳо маҷбур буданд, ки аз ҳисоби худ меҳмонхонаву хонаҳои истироҳат, коргоҳҳо ва ҳатто манзилҳои зист созанд.

Манбаъ шарҳ дод, ки даромади бонкӣ асосан аз ҳисоби фарқият дар фоизҳо аз рӯи амонатҳои ҷалбшуда ва қарзҳои додашуда ташаккул меёбад.

Ба истилоҳи дигар, таъкид дошт ӯ, бонкҳои муваффақро маҷбур мекарданд, ки ба корҳои берун аз ҳудуди фаъолияти худашон машғул шаванд.

«Дар ҳамин ҳол, ба гумон аст касе фикр карда бошад, ки бо равона кардани воситаҳои амонатгузорон на аз рӯи таъинот, бонк худро зери зарба мегузорад”, – афзуд манбаъ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...