Оғози марҳилаи дуюми амалиёти “Нелегал-2018” дар Тоҷикистон

Asia-Plus

Аз 17 то 25 сентябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон таҳти унвони шартии «Нелегал-2018» марҳилаи дуюми чорабиниҳои оперативӣ-профилактикӣ ва амалиёти махсус оид ба мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ гузаронида мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар чорабинии мазкур риояи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар хонаҳои истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо, хобгоҳҳо, корхонаву ташкилот ва иншооти корӣ мавриди санҷиш қарор дода хоҳанд шуд.

“Зимни баргузории амалиёт муҳлатнокии раводид, бақайдгирии шиноснома дар мақомоти корҳои дохилӣ, доштан ва ё надоштани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ, эътиборнокии мӯҳлати шиноснома ва бечунучаро риояи қонунҳои амалкунанда ва санадҳои аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандии муқими Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор дода мешаванд”, – омадааст дар маълумоти ВКД Тоҷикистон.

Зимнан қайд мешавад, ки дар рафти ин чорабиниҳои оперативӣ-профилактикӣ ошкору пешгирии дигар ҷиноятҳо амалӣ гардонида мешавад, ки ин ҳама баҳри таъмини волоияти қонун, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, осоиштагиву оромии шаҳрвандон ва пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ва дигар қонуншиканиҳо равона гардидааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...