Кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон ба маблағи 30 млн. доллар

Имсол ба Тоҷикистон 54 кишвари саросари ҷаҳон кумак карданд. Маблағи умумии кумаки башардӯстонаи тӯли 8 моҳ фиристодаи онҳо наздики 30 млн. долларро ташкил медиҳад. Бино ба маълумоти Агентиии омор, аз ҳисоби ин кумак ба Тоҷикистон бо вазни умумии наздики 20 ҳазор тонна орду равғани растанӣ, воситаҳо ва дорувории тиббӣ, ҳамчунин дигар маҳсулот ворид гардид. Аз […]

Имсол ба Тоҷикистон 54 кишвари саросари ҷаҳон кумак карданд. Маблағи умумии кумаки башардӯстонаи тӯли 8 моҳ фиристодаи онҳо наздики 30 млн. долларро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Агентиии омор, аз ҳисоби ин кумак ба Тоҷикистон бо вазни умумии наздики 20 ҳазор тонна орду равғани растанӣ, воситаҳо ва дорувории тиббӣ, ҳамчунин дигар маҳсулот ворид гардид.

Аз рӯи вазни қиёсӣ кишвари нисбатан бузургтарини мададрасон ба Тоҷикистон Русия дониста мешавад, ки 18,7 фоиз аз ҳаҷми умумии кумак ба ин кишвар рост меояд.

Дар идома Чин (13,4%), Фаронса (9,3%), Ҳиндустон (8,6%), Туркия (8,3%), Швейтсария (8%), Қазоқистон (7,5%), ИМА (4,1%), Белгия (3,9%), Олмон (3,5%), Дания (2,1%), Чехия (1,9%), Беларус (1,7%), Полша (1,5%), Нидерланд ва Ҷумҳурии Корея (1,4%-ӣ), Финландия ва Исроил (0,8%-ӣ), Ҷопон (0,6%), Таиланд (0,5%), Латвия (0,4%) ва дигар давлатҳо ҷойгир шудаанд.

Соли гузашта муддати тамоми сол ба Тоҷикистон аз 58 кишвари дунё ба маблағи умумии ҳудуди 74 млн. доллар кумаки башардӯстона ворид гардида буд.

Мададрасони нисбатан бузург ба Тоҷикистон дар соли гузашта Чин шуморида мешавад, ки 32,2% аз ҳаҷми умумии кумак ба ин кишвар рост меояд..

Соли 2016 Тоҷикистон аз 55 кишвари ҷаҳон ба маблағи умумии 55 млн. 800 ҳазор доллар кумаки башардӯстона гирифт. Қариб нисфи кумак аз ҳаҷми умумӣ ба Русия (25,9%) ва Чин (24%) рост омада буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.