Оғози марҳилаи дуюми амалиёти “Нелегал-2018” дар Тоҷикистон

Аз 17 то 25 сентябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон таҳти унвони шартии «Нелегал-2018» марҳилаи дуюми чорабиниҳои оперативӣ-профилактикӣ ва амалиёти махсус оид ба мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ гузаронида мешавад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар чорабинии мазкур риояи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар хонаҳои истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо, хобгоҳҳо, корхонаву ташкилот ва иншооти […]

Аз 17 то 25 сентябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон таҳти унвони шартии «Нелегал-2018» марҳилаи дуюми чорабиниҳои оперативӣ-профилактикӣ ва амалиёти махсус оид ба мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ гузаронида мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар чорабинии мазкур риояи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар хонаҳои истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо, хобгоҳҳо, корхонаву ташкилот ва иншооти корӣ мавриди санҷиш қарор дода хоҳанд шуд.

“Зимни баргузории амалиёт муҳлатнокии раводид, бақайдгирии шиноснома дар мақомоти корҳои дохилӣ, доштан ва ё надоштани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ, эътиборнокии мӯҳлати шиноснома ва бечунучаро риояи қонунҳои амалкунанда ва санадҳои аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандии муқими Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор дода мешаванд”, – омадааст дар маълумоти ВКД Тоҷикистон.

Зимнан қайд мешавад, ки дар рафти ин чорабиниҳои оперативӣ-профилактикӣ ошкору пешгирии дигар ҷиноятҳо амалӣ гардонида мешавад, ки ин ҳама баҳри таъмини волоияти қонун, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, осоиштагиву оромии шаҳрвандон ва пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ва дигар қонуншиканиҳо равона гардидааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.