Прокуророни генералии кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе гирдиҳам меоянд

Пагоҳ, санаи 20 сентябр дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози прокуророни генералии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) доир мегардад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ. Гуфта мешавад, дар рӯзномаи ҷаласа 17 банд зикр шудааст, аз ҷумла табодули таҷриба дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти прокурорӣ, баррасии масъалаи ба Академияи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи назди Прокуратураи генералии Қазоқистон […]

Пагоҳ, санаи 20 сентябр дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози прокуророни генералии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) доир мегардад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Гуфта мешавад, дар рӯзномаи ҷаласа 17 банд зикр шудааст, аз ҷумла табодули таҷриба дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти прокурорӣ, баррасии масъалаи ба Академияи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи назди Прокуратураи генералии Қазоқистон додани мақоми ташкилоти заминавиии кишварҳои ИДМ оид ба бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокурорӣ ва тафтишотии мақомоти прокуратураи кишварҳои узви Иттиҳод ва ба Донишгоҳи прокуратураи Русия додани мақоми ташкилоти заминавии кишварҳои ИДМ оид ба омодагӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратура.

Иштирокчиёни ҷаласа аз амалисозии барномаҳои муштарак дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, терроризм ва дигар зуҳуроти ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ҷиноятҳои содиршуда бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ, ҳамчунин тадбирҳо ҷиҳати таъмин амният дар сарҳадҳои беруна натиҷагирӣ мекунанд.

Ғайр аз ин, аъзои Шӯро атрофи масоили такмили ҳамкорӣ дар мубориза бо коррупсия, ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони берун аз ҳудуди давлатҳо қарордошта, иҷрои шартномаҳои байнулмилалӣ табодули назар намуда, Нақшаи кори Шӯрои ҳамоҳангсози прокуророни генералии кишҳварҳоро барои солҳои 2019-2023 тасдиқ мекунанд.

Шӯрои ҳамоҳангсози прокуророни генералии кишварҳои узви ИДМ соли 1995 таъсис дода шуд. Ба ҳайати он намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дохил мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.