Мунтахаби футзалистони Тоҷикистон бо Ӯзбекистону Қирғизистон бозӣ мекунад

Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур санаи 18 сентябр маросими қуръакашии мусобиқаи интихобии Чемпионати Осиё-2019 оид ба футзал (футболи хурд) байни ҷавонони то 20-сола дар минтақаи Марказӣ доир гардид. Бинои ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, аз рӯи натиҷаҳои қуръакашӣ мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” бо дастаҳои Ӯзбекистону Қирғизистон қарор гирифт. Ба гурӯҳи […]

Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур санаи 18 сентябр маросими қуръакашии мусобиқаи интихобии Чемпионати Осиё-2019 оид ба футзал (футболи хурд) байни ҷавонони то 20-сола дар минтақаи Марказӣ доир гардид.

Бинои ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, аз рӯи натиҷаҳои қуръакашӣ мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” бо дастаҳои Ӯзбекистону Қирғизистон қарор гирифт. Ба гурӯҳи “А” дастаҳои Эрону Афғонистон ва Туркманистон шомил шуданд.

Мусобиқаи даври интихобии мазкур аз 1 то 4 декабр дар Тошканд баргузор мешавад. Мувофиқи регламент, аз минтақаи Марказӣ се даста ба даври ниҳоии Чемпионати Осиё роҳ меёбанд, ки инҳо ғолибони гурӯҳҳо буда, ҳамчунин дастаҳои дар гурӯҳҳо зинаи дуюмро ишғолнамуда дар вохӯрии байни ҳамдигар соҳиби роҳхати сеюмро муайян мекунанд.

Мусобиқаи даври интихобии Чемпионати Осиё-2019 оид ба футзал байни ҷавонони то 20-сола дар минтақаи Марказӣ

Гурӯҳи «А»: Эрон, Афғонистон, Туркманистон.

Гурӯҳи «В»: Ӯзбекистон, ТОҶИКИСТОН, Қирғизистон.

Тақвими бозиҳо:

Даври 1-ум

1 декабр (шанбе)

Қирғизистон – Ӯзбекистон

Туркманистон – Эрон

Даври 2-юм

2 декабр (якшанбе)

ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

Афғонистон – Туркманистон

Даври 3-юм

3 декабр (душанбе)

Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН

Эрон – Афғонистон

Плей-офф

4 декабр (сешанбе)

ҷойи 2-юми гурӯҳи «А» – ҷойи 2-юми гурӯҳи «В».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.