Русия бори нахуст шабакаҳои мушакии “Искандар-М”-ро ба Қирғизистон интиқол дод

Ҳарбиёни Русия бори нахуст шабакаҳои мушакии фаврӣ-тактикиии “Искандар-М”-ро аз Урал ба Қирғизистон интиқол доданд. Тавре хадамоти матбуоти Ҳавзаи ҳарбии марказии Русия хабар медиҳад, шабакаҳои мушакии “Искандар-М” барои иштирок дар тамринҳои муштараки зиддитеррористии сохторҳои қудратии кишварҳои узви ИДМ – “Иссиқ-кӯл-Зиддитеррор 2018” аз минтақаи Урал ба Қирғизистон интиқол дода шудаанд. Дар доираи тамринҳои низомӣ шабакаҳои мушакӣ ба […]

Ҳарбиёни Русия бори нахуст шабакаҳои мушакии фаврӣ-тактикиии “Искандар-М”-ро аз Урал ба Қирғизистон интиқол доданд.

Тавре хадамоти матбуоти Ҳавзаи ҳарбии марказии Русия хабар медиҳад, шабакаҳои мушакии “Искандар-М” барои иштирок дар тамринҳои муштараки зиддитеррористии сохторҳои қудратии кишварҳои узви ИДМ – “Иссиқ-кӯл-Зиддитеррор 2018” аз минтақаи Урал ба Қирғизистон интиқол дода шудаанд.

Дар доираи тамринҳои низомӣ шабакаҳои мушакӣ ба урдӯгоҳ (лагер)-и террористони шартӣ, ки тибқи фарзия дар машқгоҳи “Эделвейс” воқеъ аст, зарба мезананд.

Шабакаҳои мушакии “Искадар-М” барои нобуд кардани ҳадафҳои хурдандоза ва ҳадафҳо дар майдон: шабакаҳои мушакӣ, низомҳои реактивии тирандозии шилликӣ, артиллерияи дурмасофа, ҳавопаймо ва чархболҳо дар фурудгоҳҳо, нуқтаҳои фармондеҳӣ ва алоқа дар масофаи то 500 километр пешбинӣ шудааст.

Марҳилаи аввали тамринҳо дар қаламрави ҳафт кишвари узви Иттиҳод – Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор шуда, марҳилаи хотимавӣ дар қаламрави Қирғизистон доир мегардад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.