Русия бори нахуст шабакаҳои мушакии “Искандар-М”-ро ба Қирғизистон интиқол дод

Asia-Plus

Ҳарбиёни Русия бори нахуст шабакаҳои мушакии фаврӣ-тактикиии “Искандар-М”-ро аз Урал ба Қирғизистон интиқол доданд.

Тавре хадамоти матбуоти Ҳавзаи ҳарбии марказии Русия хабар медиҳад, шабакаҳои мушакии “Искандар-М” барои иштирок дар тамринҳои муштараки зиддитеррористии сохторҳои қудратии кишварҳои узви ИДМ – “Иссиқ-кӯл-Зиддитеррор 2018” аз минтақаи Урал ба Қирғизистон интиқол дода шудаанд.

Дар доираи тамринҳои низомӣ шабакаҳои мушакӣ ба урдӯгоҳ (лагер)-и террористони шартӣ, ки тибқи фарзия дар машқгоҳи “Эделвейс” воқеъ аст, зарба мезананд.

Шабакаҳои мушакии “Искадар-М” барои нобуд кардани ҳадафҳои хурдандоза ва ҳадафҳо дар майдон: шабакаҳои мушакӣ, низомҳои реактивии тирандозии шилликӣ, артиллерияи дурмасофа, ҳавопаймо ва чархболҳо дар фурудгоҳҳо, нуқтаҳои фармондеҳӣ ва алоқа дар масофаи то 500 километр пешбинӣ шудааст.

Марҳилаи аввали тамринҳо дар қаламрави ҳафт кишвари узви Иттиҳод – Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор шуда, марҳилаи хотимавӣ дар қаламрави Қирғизистон доир мегардад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...