Охири ҳафта таъмири яке аз хиёбонҳои асосии пойтахт шурӯъ мешавад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Корҳои тъамиру навсозии роҳи яке аз хиёбонҳои асосии шаҳри Душанбе – қитъаи хиёбони Исмоили Сомонӣ аз нахустин эстакадаи сесатҳа дар пойтахт воқеъ дар маҳаллаи 82-юм то дарвозаҳои ғарбии шаҳр рӯзи 27 сентябр шурӯъ мешавад.

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи ин қитъа маҳдуд гардида, вале пурра манъ намешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз шуъбаи нақлиёти мақомоти шаҳрдории Душанбе.

Дар марҳилаи аввал корҳои таъмиру навсозӣ дар самти чапи хиёбон гузаронида шуда, ҳаракати дуҷонибаи воситаҳои нақлиёт дар тарафи рости хиёбон ба роҳ монда мешавад. Пас аз таъмири тарафи чапи роҳ самти рости роҳ баста мешавад.

Роҳи хиёбон 8 хат мешавад

Қитъаи хиёбони Исмоили Сомонӣ бо масофаи 4,6 километр – аз маҳаллаи Қарияи Боло то дарвозаҳои ғарбӣ пурра навсозӣ шуда, бари роҳ то 68 метр расонида мешавад ва то дарвозаҳои ғарбии пойтахт роҳ 8 хат мешавад.

Дар баробари ин бунёди 4 хати иловагии ҳаракат барои нақлиёти ҷамъиятӣ дар назар аст, ки минбаъд равуои бемамониати ҳама гуна навъҳои нақлиётро дар ин самт таъмин ва ҳолатҳои тамбашавии нақлиётро пешгирӣ хоҳад кард.

Барои амалисозии лоиҳаи мазкур беш аз 92,4 млн. доллар харҷ шуда, маблағгузории лоиҳа бо қарзҳои Бонки аврупоиии таҷдиду рушд, Бонки осиёгии сармоягузории зербиноӣ таъмин шудааст.

Аввали моҳи сентябр дар микрорайони 82-юми пойтахт нахустин эстакадаи нақлиётӣ дар ҷумҳурӣ боз шуд. Сохтмони эстакадаи мазкур моҳи июли соли 2016 оғоз ва дар доираи амалишавии лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе – Турсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Сино бо хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” бунёд гардида, санаи 5 сентябр бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.